Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз марги ҳамсару писар. Саидалӣ Маъмур, шоири тоҷик даргузашт


Саидалӣ Маъмур. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Саидалӣ Маъмур. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Саидалӣ Маъмур, шоири шинохтаи тоҷик, рӯзи 24-уми июл дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Шоир ду ҳафтаи охир аз бемории COVID-19 ранҷ мебурд. Дар як моҳи охир писар ва ҳамсари шоир ҳам аз ин беморӣ фавтиданд.

Алиакбар Абдуллоев, мушовири раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъе ва дафни шоир субҳи якшанбе дар назди хонааш дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Аз ин пеш, рӯзи 2-юми июл, ягона писари шоир Фарзон Маъмури 43-сола ва 26-уми июн завҷааш Роҳат дар 72-солагӣ даргузаштанд. Гуфта мешавад, ҳар ду ҳам ба бемории COVID-19 гирифтор буданд.

Саидалӣ Маъмур соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи Истаравшан ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Шоир дар "Радиои тоҷик", рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор карда, Солҳои охир мудири Шӯрои назми Иттиҳоди адибони Тоҷикистон буд.

"Заврақи умед" , "Савганд" , "Солгиреҳ", "Гарди Офтоб" ва "Овои мурғи шабовез" аз маҷмӯаи ашъори ӯянд. Саидалӣ Маъмур ҳамчунон барои бачагон шеър мегуфт ва маҷмӯи офаридаҳояш барои кӯдакон бо номи "Сӯзанак", "Навоҳои Гулдара" , "Карчи харбуза" , "Анӯшаҷони ҷони мо" , "Алвончак" ба дасти хонандагон расидааст.

Асарҳои шоир ҳамчунон ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти Эрону Афғонистон бознашр шудааст. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG