Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия марги навраси узбекистонӣ ва ҷавони тоҷикистониро таҳқиқ мекунанд


Шаҳзода Шокирова
Шаҳзода Шокирова

Кумитаи тафтишотии Русия пас аз марги духтари 15-солаи узбекистонӣ ва ҷавони 20-солаи тоҷикистонӣ дар вилояти Ленингради Русия парвандаи ҷиноӣ кушод.

Ҷасади ин ду нафарро сокинони маҳаллӣ рӯзи 11-уми июли имсол дар дарахте овехта дар ҷангал пайдо карданд.

Духтари овехта Шаҳзода Шокирова, сокини 15-солаи шаҳри Тошканди Узбекистон ва ҷавони овехта Ҷаҳони 20-сола аз ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон буд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи ин қазия бо моддаи "Расонидан ба марг аз рӯи беэҳтиётӣ" нисбат ба ду нафар парванда боз кардааст.

Наздикони Ҷаҳон мегӯянд, байни вай ва Шаҳзода муносибатҳои маҳрамона вуҷуд дошт.

XS
SM
MD
LG