Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва чор кишвари Осиёи Марказӣ дар марз бо Афғонистон машқи низомӣ баргузор мекунанд


Бо ташабусси Вазорати мудофиаи Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои якҷояи низомии Тоҷикистон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд.

Ба навиштаи рӯзномаи "Известия" силсилаи машқҳои муштараки низомӣ аз моҳи август то сентябри имсол идома хоҳанд кард. Сарбозони кишварҳои номбаршуда амалиёти ҷангиро дар ҳолати аз марз гузаштани аъзои гурӯҳи Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ тамрин хоҳанд кард. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин муқовимат ба бесубот кардани авзоъ дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон равона карда мешавад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳороти рӯзи 4-уми июл гуфта буд, ки Толибон назорати беш аз 900 километр хатти марзи Афғонистон бо ин кишварро ба даст гирифтаанд.

Дар як моҳи ахир бори панҷум аст, ки низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд. Шумораи низомиёни паноҳанда аз 1500 нафар бештар шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, фирориёнро “бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ” қабул карданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG