Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як садамаи нақлиётӣ дар Покистон 28 нафар ҷон бохтаанд


Дар маркази Покистон як автобуси мусофирбар ба як мошини боркашон бархӯрд, ки дар натиҷа, 28 нафар ба ҳалокат расида ва ҳади ақал 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Пулиси Покистон рӯзи 19-уми июл гуфт, ки автобус аз шаҳри саноатии Сиалкот ба сӯи Дера Ғозихони вилояти Панҷоб ҳаракат мекард. Аксари кушташудагон ва маҷрӯҳон коргароне буданд, ки бо нияти ҷашнгирии Иди Қурбон бо аҳли оилаашон ба хона бармегаштанд. Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии бархе аз маҷрӯҳон хеле вазнин аст. Тафтиши сабабҳои сар задани ин садама ҳанӯз идома дорад.

Садамаҳои маргбори нақлиётӣ дар роҳҳои дар Покистон зуд- зуд рух медиҳад. Бад будани ҳолати роҳҳо, вазъи нохуби воситаҳои нақлиёт ва бепарвоӣ ба қонунҳои ҳаракат дар роҳ ҳар сол боиси марги ҳазорҳо нафар мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG