Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорон мегӯянд, рӯзноманигорӣ дар Русия "маҳв" мешавад


Эътирози як нафар дар Новосибирск, 16-уми июли 2021
Эътирози як нафар дар Новосибирск, 16-уми июли 2021

Дар шаҳри Новосибирски Русия ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигороне, ки "агенти хориҷӣ" эътироф шудаанд, ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор карда мешавад. Эътирозгарон аз маҳви воқеии ин касб дар Русия нигаронанд.

Рӯзноманигори расонаи "Такие дела" Рита Логинова бо лавҳае дар даст ба майдони марказии шаҳр баромад, ки дар он навишта шудааст, "Рӯзноманигорон душман нестанд ва расонаҳо бояд озод бошанд".

Додситонии Русия 15-уми июл расонаи "Проект"-ро, ки дар бораи мансабдорони баландпояи ин кишвар таҳқиқот анҷом додааст, "созмони номатлуб" эълом кард. Ҳамчунин 8 рӯзноманигори дигар дар Русия ба рӯйхати "Расонаҳо - агентҳои хориҷӣ" шомил карда шуданд.

Сармуҳаррири "Проект" Роман Баданин, рӯзноманигорони он Пётр Маняхин, Олга Чуракова, Мария Железнова ва Юлия Лукянова "агенти хориҷӣ" номида шуданд. Ба ин рӯйхат ҳамчунин сармуҳаррири "Откритих Медиа" Юлия Ярош, муовини ӯ Максим Гликин ва рӯзноманигори бахши русии Радиои Озодӣ Елизавета Маетная шомил гаштаанд.

Ба рӯйхати расонаҳои "агенти хориҷӣ" дар Русия айни замон 28 шахси воқеӣ ва расонаҳо шомил аст, ки аз онҳо 10 тарҳи русии Радиои Озодӣ ва чаҳор ҳамкори Бахши русии Радиои Озодӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ қонун дар бораи расонаҳоро дар Русия, ки заминаи "агентҳои хориҷӣ" гаштааст, таъқибкунанда меномад.

XS
SM
MD
LG