Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи сохтмон талаботи иҷзотномаи корро барои ширкатҳои бинокорӣ сахттар кард


Маҳмадсаид Зувайдзода
Маҳмадсаид Зувайдзода

Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, ки талабот ба дарёфти иҷозатномаи сохтмонро сахттар карданд. Раҳбарияти ин ниҳод бо нигаронӣ аз набудани мутахассисон дар ширкатҳои сохтмонӣ гуфт, "ҳоло назоратро болои кори ширкатҳо пурзӯр намуданд".

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар 6 моҳ барои гирифтани иҷозатномаи сохтмон 271 дархост ворид шудааст, ки ба 66-тои он посухи рад дода шуда, дархости 43 ширкати дигар дар баррасӣ аст.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, рӯзи 16-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе тасдиқ намуд, ки ҳанӯз камбудҳо дар сохтмонҳо вуҷуд дорад.

"Бисёре аз ширкатҳо базаи моддию техникӣ, мутахассис надоранд, барои ҳамин иҷозатнома рад карда шуд. Нисбат ба солҳои пеш рад кардани иҷозатномаҳо дар ҳақиқат зиёдтар шудааст", -- афзуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Ҳарчанд намояндагони баъзе аз ширктҳои сохтмонӣ мегӯянд, корашон бар асоси нақшаи пешбинишудаи мақомот аст, шикоят аз кори онҳо борҳо аз сӯи сокинон садо додааст. Як нигаронии сокинон ин аст, ки кори ширкатҳои сохтмонӣ на ҳамеша назорати ҷиддӣ мешавад ва гоҳе бо бунёди биноҳои нав хатару мушкилиҳои дигар барои атрофиён ба миён меояд.

Кумитаи сохтмон ва меъморӣ имсол дар пайи санҷишҳояш дар ширкату ташкилоти сохтмонӣ дар бештар аз 2 ҳазору 800 ҳолат камбудӣ ошкор намудааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, феълан дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазор ширкату ташкилоти сохтмонию пудратчӣ фаъолият доранд.

Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмони биноҳо бештар ба назар мерасад. Мақомот ҳамвора аз дигар шудани симои шаҳру ноҳияҳо суҳбат мекунанд, вале сокинон пайваста аз риоя нашудани чораҳои бехатарӣ дар маҳалли сохтмонҳо мегӯянд.

XS
SM
MD
LG