Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон пешниҳод дорад, ширкати мобилии MegaCom фурухта шавад


Девони вазирони Қирғизистон пешниҳод дорад, ки сад дарсад саҳмияҳои ширкати мобилии MegaCom, 14,9 дарсад саҳмияҳои ширкати "Бунёди кафолат", 0,74 дарсад саҳмияҳои ширкати "Каромат Банк" ва 76,56 дарсад саҳмияҳои "Бонки амонатгузории АвруОсиё" фурӯхта шавад.

Замир Бугубоев, намояндаи Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон, гуфт, рӯзи 25-уми июни соли 2020 барномаи фурӯши 25 моликияти давлатӣ барои солҳои 2020-2022 аз сӯи порлумон қабул шудааст. Ҳамакнун пешниҳод шудааст, ки ба ин рӯйхат 4 иншооти дигар шомил карда шавад.

Вакили порлумони Қирғизистон, Достон Бекешев, дар саҳифааш дар Facebook навишт, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба зидди фурӯхтани MegaCom аст.

Ҳукумати Қирғизистон бори чандум аст, ки талош мекунад, ширкати MegaCom-ро фурӯшад. Баъд аз инқилоби тирамоҳи соли 2020 ҳукумати муваққати Қирғизистон 49 дарсад саҳмияҳои ин ширкатро миллӣ гардонид. Соли 2014 ширкат комилан ба ихтиёри давлат гузашта буд.

XS
SM
MD
LG