Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик гуфт, додугирифт бо Афғонистон идома дорад


Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки додугирифти мол миёни Тоҷикистону Афғонистон идома дорад ва дар ин самт "ягон монеа нест".

Изҳороти Азим Иброҳим дар шароите садо медиҳад, ки гуруҳи Толибон иддао дорад 90 дарсад аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд ва гузаргоҳҳои асосӣ ҳам зери назорати ин гуруҳ аст.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, рӯзи 14-уми июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, "рӯзи 13-уми июл 51 мошин аз Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, 72 мошин аз он тараф ба Тоҷикистон гузашт". Вазир бо ишора ба ин омор чанд дафъа таъкид кард, ки “монеа дар бораи ҳамлу нақл миёни Тоҷикистону Афғонистон дида намешавад.”

Гуруҳи Толибон пас аз тасарруфи минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон ҳеч мушкил надоранд ва додугирифти мол давом мекунад. Баъзе аз расонаҳо бо такя ба ронандагон навиштанд, ки гуруҳи Толибон онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва гирифтани раводид ё виза низ озод кардаанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, дар ин бора ҳеч санади расмӣ надорад ва чизе гуфта наметавонад. Азим Иброҳим танҳо гуфт, миёни Тоҷикистону Афғонистон “низоми бе рухсатнома надорем” ва барои гузарондани молу коло як миқдор маблағ гирифта мешавад.

“Дар дастам факти бевосита надорам, лекин мегуфтанд, ки баъзан аз ронандаҳо дигар пардохтҳо талаб карда мешавад. Аммо ягон санад надорем. Тавсияи мо барои ронандаҳо ин аст, ки пеш аз ҳама амнияти худашонро фикр кунанд. Агар ягон таҳдид бошад, аз сафар худдорӣ кунанд”, -- афзуд вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Гуруҳи Толибон дар моҳҳои охир дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон фаъол шудаанд ва ҳоло гузаргоҳҳои асосии байни ду кишвар дар дасти ин гуруҳ аст. Аз ҷумла, рӯзи 22-юми июн гуруҳи Толибон гузаргоҳии асосии Шерхон-Бандарро тасарруф карданд, ки гузаргоҳи асосии интиқоли молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG