Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Куба дар эътироз ба амали ҳукумат ба кӯча баромаданд


Куба

Дар Куба рӯзи якшанбе эътирозҳои оммавӣ зидди ҳукумати коммунистӣ ва худкомаи он кишвар шуруъ шуданд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, ҳазорҳо сокини Куба дар Ҳавана ва шаҳрҳои дигар ба куча баромаданд.

Эътирозгарон шиорҳои зиддиҳукуматӣ сар дода, истеъфои президент ва чораҳои ҷиддитари мақомот дар мубориза бо фасодро талаб карданд.

Онҳо аз ҷумла хостанд, ки сокинон бо ваксинаи зидди коронавирус таъмин ва ба қатъи ҳамарӯзаи неруи барқ хотима бахшида шуда, мушкили норасоии маводи ғизоиву дору ҳал карда шавад. Дар кучаҳои Ҳавана мошинҳои низомӣ мушоҳида мешуд, навиштааст Reuters.

Дар Куба давоми якшабонарӯзи ахир шумори рекордии мубталоёни нав ба коронавирус - ҳудуди 7 ҳазор ошкор шудаааст, ки назар ба ҳафтаҳои ахир ду баробар бештар мебошад. Тазоҳургарон аз ҳукумат талаб доранд, ки раванди эмкунӣ тезонида шавад.

Пештар Куба аз ваксинаҳои Русия ва Чин даст кашида, ҳамчунин дар барномаи COVAX, ки дар дарёфти ваксина ба кишварҳои фақир мусоидат мекунад, иштирок надорад. Ин кишвар ҳафтаи гузашта ваксинаи худии "Abdala 2"-ро ба қайд гирифт.

Эътирози зиддиҳукуматӣ дар Куба бори охир ҳудуди 30 сол сар зада буд.

Президент Мигел Диас-Канел дар сар задани эътирозҳо ИМА-ро айбдор карда, аз коммунистҳо хост, ба куча бароянд ва ба тазоҳургарон "посух диҳанд". Ба гуфтаи ӯ, замони ҳимояти инқилоб фаро расидааст.

Мушовири президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан бо изҳори ҳимоят аз тазоҳургарон гуфт, ки Вашингтон ҳамагуна амали хушунатомезро зидди эътирозгарон маҳкум мекунад.

XS
SM
MD
LG