Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адвокати тоҷик аз ватан фирор кард


Нусратулло Мирзоев, адвокат ва корманди созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

Як адвокати тоҷик иддао дорад, ки пас аз фишори мақомот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар фирор кардааст.

Нусратулло Мирзоев, адвокат ва яке аз муассисони созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, пас аз фишорҳои батакрор, рӯзи 26-уми июн аз Тоҷикистон хориҷ шуд ва ҳоло дар яке аз кишварҳои шуравии пешин зиндагӣ мекунад. Ба хотири бехтариаш нахост аз кишвари иқоматаш ном барад.

Ӯ гуфт, сабаби фирораш аз кишвар фишори намояндаҳои Раёсати корҳои дохилӣ ва додситонӣ дар вилояти Хатлон буд. “Гуфтанд, ҳар чӣ нанавис ва ба қазияҳо зиёд дахолат накун. Онҳо гуфтанд, ки Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов ҳамин корҳоро карданд, ба куҷо расиданд.”,--гуфт ӯ.

Дар Додситонӣ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар робита ба фишору танг кардани фаъолияти адвокатии Мирзоев изҳори бехабарӣ карданд.

Нусратулло Мирзоев дар додгоҳ аз ҳаққи Саиднуриддин Шамсиддинов, судиҷрочии собиқ ҳимоят мекард. Шамсиддинов бо иттиҳоми қаллобӣ ва ифротгароӣ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шудааст.

“Баъдтар барои як парвандаи дигар, ки айбдоршаванда таҳти шиканҷа гуноҳи марбут ба маводи мухаддиро бар дӯш гирифт ва ҳаштуним сол маҳкум шуд, аз тарафи Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон зери фишор қарор гирифтам. Вазъи рӯҳиам бад шуд ва дар дохили кишвар кор кардан имконнопазир шуд.”,--афзуд Мирзоев.

Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ва Додситонии Хатлон фишор ба адвокатро рад карданд.

Як корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ҳеҷ гоҳ нашунида буд, ки касе ба Нусратулло Мирзоев фишор оварда бошад.

Ӯ гуфт, дар вилоят рӯзе то садҳо парванда баррасӣ мешавад ва даҳҳо адвокат мешғули коранд, ки касе ба онҳо кор надорад. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин ҳолат вуҷуд медошт, адвокат ба мақомоти болоӣ бояд шикоят мекард.

Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Нусратулло Мирзоев то берун рафтанаш аз Тоҷикистон дар созмони онҳо фаъолият дошт ва чанд маротиба аз фишори мақомот шикоят карда буд. “Нусратулло ба ғайр аз фаъолияти адвокатӣ, мураббии вакилони ҷавон буд ва ба дар парвандаҳо оид ба шиканҷа вакили дифоъ мешуд. Худаш гуфт, ки мақомоти вилоят борҳо барои ҳимояташ аз парвандаҳои пурсару садо фишораш овардаанд. Мақомот фаъолияти адвокатро нодуруст мефаҳманд ва фикр мекунанд, ки онҳо аз ҷинояткорҳо ҳимоят мекунанд, ҳоло он ки вазифаи давлат аст, ки шаҳрвандро бо вакил таъмин кунад”.

Ӯ фишору маҳдуд кардани фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистонро масъалаи рақами аввал донист.

Нусратулло Мирзоев мегӯяд, ҳоло имкони кор дар Тоҷикистон сахт шудааст, вале дар сурати беҳ шудани шароити кори адвокатӣ ба ватан бармегардад.

Фишори мақомот ба адвокатҳо дар Тоҷикистон борҳо садо додааст ва мақомот ҳеҷ гоҳ онро тасдиқ накардаанд.

Шуҳрат Қудратов, аз ҷумлаи адвокатҳоест, ки соли 2014 дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ зери фишор қарор гирифта буд.

Ӯ соли 2018 аз зиндон раҳо шуд, вале мегӯяд, фишор болояш хатм наёфт ва ӯро ду маротиба ҷарима бастанд. “Дигар тоқат карда натавонистам ва як соли баъд ба Маскав омадам. Ҳатто созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон маро ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ба кор нагирифтанд ва гуфтанд, ки агар Шӯҳратро ҷалб кунем, таҳти фишор қарор мегирем.”,-- мегӯяд Шуҳрат Қудратов.

Мақомоти тоҷик борҳо фишор болои адвокатҳоро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳар кадоми онҳо бо гуноҳи кардаашон ҷазо гирифтаанд.

Созмони Афви Байналмилал дар як гузориши хос дар бораи адвокатҳо соли гузашта гуфт, “вакилони дифоъ зимни иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд.” Ба гуфтаи Афви Байналмилал, “Дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан адвокати ҳуқуқи инсон будан, маънои ба хатарҳои бемисл рӯ ба рӯ шуданро дорад”.

Дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш бештар аз 9 миллион аст, танҳо наздики ҳазор адвокат ҳаққи кор пайдо кардааст, ки теъдоди ночиз дониста мешавад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG