Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилу судиҷрочии зиндонӣ ба ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24" муттаҳам шудааст. Наздикон рад мекунанд


Саиднуриддин Шамсиддинов

Як вакилу судиҷрочии собиқ дар вилояти Хатлон, ки пештар ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шуда буд, бар илова ба "ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротгаро" муттаҳам шудааст.

Парвандаи Саиднуриддин Шамсиддиновро Додситонӣ ва Раёсати амният дар вилояти Хатлон таҳқиқ доранд. Мақомот шарҳи бештар намедиҳанд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ ба ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24", як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, гумонбар аст, вале онро беасос мешуморанд.

"Дар бораи ҳамкории ӯ бо "Гурӯҳи 24" пурсиданд"

Саиднуриддин Шамсиддиновро охири соли 2020 бар асоси ҳафт банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла харидуфурӯши замин ва қаллобӣ ба ҳабс маҳкум карданд, ҳарчанд наздиконаш қазияро ба танқидҳои пайвастаи ӯ аз беадолатӣ рабт медиҳанд.

Ӯ дар зиндони кормандони маҳкумшудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. Парвандаи нав ба зиддаш бар асоси моддаи 307 (замимаи 1)-и Кодекси ҷиноӣ боз шудааст.

Ин банди қонун "Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм" ном дошта, аз се то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Як муфаттиши Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дархости онҳо, Раёсати амният дар ин вилоят тафтишотро пеш мебарад. Ӯ афзуд: "Парванда рӯзи 16-уми апрел боз шуда, таҳқиқи он то миёнаҳои моҳи июн идома хоҳад кард. Барои тафтишоти ҳамаҷониба Шамсиддинов аз маҳбаси пойтахт ба боздоштгоҳи муваққатии Бохтар оварда мешавад."

Мусоҳиби мо шарҳ надод, ки Шамсиддинов ба чӣ кор муттаҳам аст. Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ аз ӯ дар бораи ҳамкории бародараш бо "Гурӯҳи 24", як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, пурсидаанд.

"Муфаттиш маводро аз Ютюб ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ дар назди ман гузошт ва гуфт, Саиднуриддин моҳи январи имсол дар бораи парванда ва норозигияш аз ҷараёни тафтишот ба “Гурӯҳи 24” ва “Паём.нет” муроҷиат кардааст. Дар ҷавоб гуфтам, ки дар бораи тафтишот ва ҳукми додгоҳ танҳо Радиои Озодӣ навишта буд. Ба ҳарфҳоям бовар накарду гуфт, ҳоло ҳамаи маводро меомӯзад ва дубора даъват мекунад", -- нақл кард ӯ.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Раҳбарону пайравонаш дар хориҷ аз кишвар қарорро сиёсӣ медонанд.

"Саиди Садр" кист?

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов, мегӯяд, зерҳимояаш тавассути телефони маҳбас ба ӯ тамос гирифта, гуфтаст, ҳеч гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст. Вай афзуд, зерҳимояаш танҳо бо имзои “Саиди Садр” дар бораи беадолатӣ дар додгоҳҳои минтақа ба сомонаи президенти Тоҷикистон аризаву мақола менавишт.

Парвандаи нав дар ҳолест, ки Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25-уми декабри соли гузашта дар мурофиаи охирини худ гуфта буд, иттиҳомҳои пешина, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти ғалатро намепазирад.

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар гузашта ҳамчун судиҷрочӣ ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт, се сол пеш дар бораи қазияаш ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда буд.

Дар номааш навишта буд, ки пас аз муроҷиат ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтаанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам медонанд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”.

Додситону додраси парванда борҳо ба ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои Шамсиддиновро собитшуда хондаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG