Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хатлон ҳукми Саиднуриддин Шамсиддиновро бетағйир гузошт


Саиднуриддин Шамсиддинов
Саиднуриддин Шамсиддинов

Додгоҳи вилояти Хатлонҳукми Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеъ ва судиҷрочии собиқро бетағйир гузошт. Ӯро моҳи январ бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноӣ ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум карданд.

Пайвандони Шамсиддинов гуфтанд, баррасии шикояти онҳо рӯзи 3-юми феврал дар бинои маҳбаси шаҳри Бохтар гузашт.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "пурсидем, ки чаро тағйироте нашуд ва ё ҳадди ақал муҳлати зиндонашро кам накарданд ва далели тасмим чӣ аст, ҳарфе назаданду рафтанд."

Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Шамсиддиновро ба харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донист.

Худи ӯ дар сухани охиринаш гуфтааст, гуноҳ надорад ва айбномаро рад мекунад. Нусратулло Мирзоев, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов, гуфт, додрас эътирофи шахси зери ҳимояташро ҳангоми тафтишот ҳамчун далел пеш овардааст. Ба қавли ӯ, воқеан, Шамсиддинов дар зери ҳар айбнома имзо гузоштааст, вале маълум нест, худиқрории ӯ таҳти чӣ шароите ба даст омадааст.

Абдумаҷид Саидзода, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ, қаблан аз додрас талаб карда буд, "Шамсиддинов ба ҳабс кашида шавад, чун озодияш барои шаҳрвандон хатар дорад."

Бар хилофи ин, наздиконаш бовар доранд, ӯро барои танқидҳояш аз беадолатӣ ва рафтори баъзе аз додситону додрасҳои минтақа ба зиндон андохтаанд. Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, гуфт, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои Саиди Садр аризаву мақола менавишт ва "зоҳиран ба мақомот хуш наомад".

Ин навиштаҳо ҳанӯз дар саҳифааш маҳфузанд ва аз ҷумла дар яке аз онҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "баъзе судяҳои Хатлон ... ба хатокорӣ роҳ дода, тақдири инсонҳоро бо роҳи хато ҳал карда, чандин камбағалро беасос "говсуд" карда гаштаанд."

XS
SM
MD
LG