Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи Тоҷикистон бо фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкорӣ ва стратегия гуфт


Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар мавриди тақвияти ҳамкориҳо дар оянда ба мувофиқа расидаанд. Ин мавзуъ рӯзи 8-уми июл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Брюссел Эркинхон Раҳматуллозода ва намояндаи нави Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала баррасӣ шуд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ навишт, ки намояндаи Тоҷикистон хонум Ҳакаларо "ба муносибати ба иҷрои вазифаҳои нав оғоз намуданаш табрик гуфта, барояш дар роҳи татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ комёбиҳо орзу кард".

Стратегияи нави ИА барои ОМ моҳи июни соли 2019 дар Люксембург қабул шуд. Бар асоси ин санад роҳандозии ҳамкориҳои наздики ИА бо кишварҳои минтақа дар масоиле ба монанди ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқи башар, кумак дар рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳо, мустақилии додгоҳӣ ва тақвияти иқтисоди бозаргонӣ дар назар аст.

"Дар мулоқот пиромуни чорабиниҳои қарибулвуқӯи Конфронси байналмилалии Тошканд, Форуми иқтисодии Бишкек, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон, вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ИА ва ОМ дар Душанбе мубодилаи созандаи афкор сурат гирифт", -- гуфта шудааст дар иттилоияи расмӣ.

Конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи дуҷонибаи минтақавӣ. Хатарҳо ва имконҳо" рӯзҳои 15-16-уми июли имсол баргузор хоҳад шуд.

Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар умум 227 миллион евро ёрӣ кардааст. Яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи ИА дар Тоҷикистон риоя шудани ҳуқуқи башар мебошад.

XS
SM
MD
LG