Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маорифи Узбекистон: "Бо ҳиҷоб ба мактаб роҳ намедиҳем"


Вазорати маорифи Узбекистон шарҳ додааст, ки ба пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои он кишвар иҷозат дода нахоҳад шуд.

Ин ниҳод мавқеи худро ба талаботи ҷоришавии либоси замонавӣ барои хонандагони мактабҳои давлатӣ асоснок кардааст.

Ҳамчунин дар банди 17-и муқаррарот омадааст, ки хонандагон ба бинои мактаб бояд бидуни руймол ворид шаванд.

Ин изҳороти вазорат дар ҳолест, ки ахиран дар Узбекистон ба пӯшидани ҳиҷоб ё либоси мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат дода шуд. Ин кор пас аз он имконпазир шуд, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 5-уми июл тарҳи нави қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро имзо кард.

Қонуни пешина, ки дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, қабул шуда буд, ба бар кардани либоси мазҳабиро (ба истиснои ходимони дин) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекард. Барои вайрон кардани ин банди қонун шаҳрвандонро ҷарима мебастанд ё муддате ба ҳабс меандохтанд.

Дар шакли нави қонун “манъи пӯшидани либосҳои динӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ” ихтисор шудааст. Аммо гуфта мешавад талабот ба либоси кормандони давлатӣ бар асоси низомномаи дохилии ҳар ниҳод танзим карда мешавад.

Дар шакли нави қонун, ки Шавкат Мирзиёев имзо кардааст, ҳамчунон сабукиҳои дигар, аз ҷумла дар таъсиси иттиҳодияи динӣ аз ҷумла масҷидҳо ҷорӣ карда шуд.

XS
SM
MD
LG