Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия пешниҳод доранд, иҷозатномаи зисти муваққат барои муҳоҷирон бекор шавад


Муҳоҷирон дар вилояти Волгоград
Муҳоҷирон дар вилояти Волгоград

Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи қонуни ворид кардани тағйирот ба қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар он кишвар таҳия кардааст. Ин ниҳод пешниҳод кардааст, ки додани иҷозатномаи зисти муваққат дар Русия манъ шавад.

"Аз таҷрибаи додани иҷозатномаи зисти муваққат бояд даст кашид", - гуфтаанд муаллифони лоиҳа дар шарҳи пешниҳоди худ.

Дар лоиҳаи қонун роҳандозии се низоми будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия пешниҳод шудааст:

  • низоми будубоши кӯтоҳмуҳлат – на бештар аз 90 рӯз;
  • низоми будубоши дарозмуддат – беш аз 90 рӯз ва бидуни дарёфти иҷозатномаи зисти муваққат;
  • низоми будубоши доимӣ ва бемуҳлат.

Ҳамчунин муҳоҷирон барои будубош дар Русия бояд санади ягонаи электрониеро дарёфт кунанд, ки барои 10 сол таҳия мешавад. Барои дарёфти ин санад бояд изи ангушту акс супорид ва аз ташхиси тиббӣ, аз ҷумла барои муътод набудан ба маводи мухаддир ва гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ гузашт.

Тибқи қонунгузории кунунии Русия, иҷозатномаи зисти муваққат барои хориҷиён дар асоси квотаҳои ҳукумат ба муҳлати се сол дода мешавад.

XS
SM
MD
LG