Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши парвандаи вазири пешини тандурустӣ ба поён расидааст


Вазири пешини тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов
Вазири пешини тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов

Оҷонси назорати молиявии Қазоқистон мегӯяд, тафтиши парвандаи вазири пешини тандурустии ин кишвар Елжан Биртанов ва муовинаш Олжас Абишев, ки ба исрофи пулҳои буҷа ва расонидани зарар ба давлат айбдор мешуданд, ба поён расидааст.

Ба иттилои оҷонс, дар ҳоли ҳозир шиносоии ҷонибҳо бо маводи парванда ҷараён дорад.

Вазорати тандурустии Қазоқистон соли 2015 барои дастрас кардани низоми иттилоотие бо ширкати "Ericsson Nikola Tesla"-и Хорватия қарордод имзо кардааст. Биртанов гӯиё бо вуҷуди он ки медонист, платформаи мазкур корношоям аст, ба раҳбарияти кишвар иттилои дуруғ пешниҳод карда, фармон дар бораи хариди онро имзо кардааст.

"Ин платформа то ҳол мавриди истифода қарор нагирифтааст. Он бо низоми иттилоотии Вазорати тандурустии Қазоқистон пайваст карда нашудааст ва ин ба кори ниҳодҳои тандурустӣ дар давраи пандемияи таъсири манфӣ расонд", - изҳор дошт додситон Толеген Жараспаев.

Бино ба фарзияи тафтишот, Биртанов ва "шахсони дигар" пулҳои буҷаро исроф карда, ба давлати Қазоқистон дар ҳаҷми 1,5 миллиард танга ё 4,1 миллион доллар зарар расондаанд.

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 3 ноябри соли 2020 боздошти Биртановро тасдиқ карданд. Додгоҳ Биртановро дар марҳилаи тафтишот ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Биртанови 49-сола аз моҳи январи соли 2017 то охири июни соли 2020 вазири тандурустии Қазоқистон буд. Вай дар пасманзари афзоиши гирифторони вабои коронавирус ва норасоии кат дар беморхонаҳои Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод.

Пештар аз он Олжас Абишев, муовини Биртановро бо гумони исрофи наздики 500 миллион тангаи буҷа боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG