Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Намангон дармондаанд


Яке аз фурудгоҳҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз фурудгоҳҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки мехостанд тариқи фурӯдгоҳи Узбекистон ба Русия сафар кунанд, аз он шикоят доранд, ки 3 рӯз боз дар фурӯдгоҳи Намангон дармондаанд. Ин муҳоҷирон бо ирсоли навор аз назди фурӯдгоҳ мегӯянд, онҳо бояд 3 рӯз пеш аз ин фурӯдгоҳ парвоз мекарданд. Аммо ҳар рӯз парвозашон ба таъхир гузошта мешавад. Муроҷиатҳояшон ба фурудгоҳ барои таъмин кардани онҳо бо меҳмонхона ҳам натиҷа надодааст. Маълум нест, ки ин муҳоҷирон аз кадом ширкат билет харидаанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз дигар корбарони Радиои Озодӣ мегӯянд, барои гузаштан аз марзи Узбекистону Тоҷикистон марзбонони тоҷик аз онҳо пул талаб мекунанд. Мақомоти тоҷик то кунун ба ин шикоятҳо вокуниш нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG