Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои мусофирбари Ан-26 дар Камчатка ғайб задааст


Маҳалли эҳтимолии суқути ҳавопаймои мусофирбари Ан-26-ро, ки аз Петропавловск парвоз карда буд, дар Камчатка пайдо кардаанд. Намояндаи хадамоти ҳолатҳои фавқулода ба РИА "Новости" гуфта, ки ҳавопаймо дар баҳр афтодааст.

"Радиосигнали хеле заиф сабт шудааст. Эҳтимол дорад, он аз дастгоҳи сабткунандаи ҳавопаймои гумшуда бошад. Ин дастгоҳ дар сурати суқути ҳавопаймо ба кор медарояд", - гуфтааст манбаи "Интерфакс".

Иртибот бо ҳавопаймои Ан-26 субҳи 6-уми июл ҳангоми фурудоӣ дар шаҳраки Палана, маркази маъмурии ҳавзаи Корякский қатъ гаштааст. Дар ин шаҳрак ҳудуди 3 ҳазор кас зиндагӣ мекунад.

Дар дохили ҳавопаймо 22 мусофир, аз ҷумла 1 кӯдак ва 6 узви экипаж ҳузур доштанд.

Камбудии техникӣ ё фаннӣ ва хатои халабонҳо ҳамчун фарзияҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо гуфта мешавад.

Алексей Храбров, мудири ширкати ҳавопаймоии Камчатка, ки Ан-26-и истеҳсоли соли 1982 ба он тааллуқ дорад, ба "Интерфакс" гуфтааст, ҳавопаймо пеш аз парвоз ҳеч гуна нуқси техникӣ надошт.

XS
SM
MD
LG