Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Туркманистон камшавии якбораи аҳолиро ошкор кардаанд


Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Шумори аҳолии Туркманистон 2,7 миллион нафар, яъне то ба сатҳи солҳои 1980-ум кам шудааст. Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин арзёбиро ниҳодҳое кардаанд, ки масъули ҳисоби шумори аҳолӣ дар Туркманистон ҳастанд.

Дар омори Бонки ҷаҳонӣ, ки ба иттилои расмӣ такя мекунад, аҳолии Туркманистон дар соли 2018 5,8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Лоиҳаи расмии ҳукуматӣ шумори аҳолии Туркманистонро дар соли 2020 6,2 миллион кас номидааст.

Манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҳақиқат шумори аҳолии Туркманистон якбора поин рафтааст, ки ҳатто барои худи мақомоти он кишвар низ ғайриинтизор буд.

Танҳо дар давоми аз соли 2008 то соли 2018 беш аз 1 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди Туркманистон кишварро тарк кардаанд. Туркманистониҳо асосан ба Туркия, Русия, Украина ва ҳатто ба Узбекистон муҳоҷир мешаванд. Бинобар ин, мақомоти туркман бурунрафт аз кишварро мушкилтар менамоянд. Барои намуна, соли 2018 бурунрафти аз 40-солаҳо боло аз Туркманистон манъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG