Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон асирони арманиро ба харитаи замини минкоришуда иваз кард


Марзи Озарбойҷон ва Арманистон
Марзи Озарбойҷон ва Арманистон

Озарбойҷон 15 сарбози асири арманиро ба ивази харитаи замини минкоришуда ба Арманистон додааст.

Дар ин бора рӯзи 3-уми июл мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Миёни Озарбойҷон ва Арманистон дар охири соли гузашта бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта ҷанг шуд, ки баъдан, бо миёнаравии Русия низоъ хатм ёфт.

Озарбойҷон қисме аз бахшҳои Қарабоғи Кӯҳиро, ки то он замон зери назорати Арманистон буд, ба даст гирифт.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфта мешавад, ки бо миёнаравии Русия Арманистон харитаи заминҳои минкоришудаеро додааст, ки дар он ҷо 92 ҳазор минаи зидди тонкӣ ва зидди пиёдагардӣ насб шудааст. Ин минаҳо дар ҳудуди ноҳияи Физул ва Зангилан насб шуда будаанд.

“Ҳамчун як қадами башардӯстона тарафи Озарбойҷон 15 сарбози арманиро истирдод кард.”,--гуфта мешавад дар изҳорот.

Сарбозон ба Арманистон баргаштаанд. Ин кишвар ба ихтиёри Озарбойҷон додани харитаи минаҳоро “иқдоми хайрхоҳона” номидааст.

Дар заминҳои минкоришуда аз моҳи ноябри соли гузашта то кунун 18 нафар фавтида ва беш аз сад нафар захмӣ гашта буданд.

XS
SM
MD
LG