Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Канада 500 кас аз гармои бесобиқа даргузаштанд


Марде худро дар зери души умумии сари кӯча сард мекунад
Марде худро дар зери души умумии сари кӯча сард мекунад

Дар Канада дар як ҳафтаи охир 500 кас ба таври ногаҳонӣ фавтидаанд, ки ба иттилои мақомоти он кишвар, эҳтимол дорад, марги онҳо дар натиҷаи гармои ғайримуқаррарӣ фаро расида бошад. Мақомоти Канада афзоиши маргумирро аз гармо аз эҳтимол дур намедонанд. Танҳо дар шаҳри Ванкувери он кишвар аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта то ин замон 130 ҳолати марг аз гармо сабт шудааст. Бештара аз фавтидагон афроди куҳансол ва одамони дорои бемориҳои музмин ҳастанд. Гармои ҳаво дар бархе аз минтақаҳои Канада то 49,5 дараҷа расидааст. Ба далели гармои ғайримуқаррарӣ дар бархе аз навоҳии Канада бисёре аз муассисаҳо таътил шудаанд. Мақомоти Канада марказҳои маъруф ба сардшавӣ кушодаанд, ки дар ин марказҳо ҳавополо ё кондитсионерҳои бузург ва душҳои сарироҳӣ насб шудааст. Фаввораҳои шаҳрҳо шабонарӯз фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG