Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъмори шинохтаи тоҷик даргузашт


Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори маъруф
Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори маъруф

Рӯзи 28-уми июн Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори маъруфи кишвар дар синни 69-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора ба хабаргузории “Азия-Плюс” аз ҳукумати Душанбе хабар додаанд.

Ӯро яке аз шахсиятҳое медонистанд, ки дар сохтмони тарҳҳои муосири меъморӣ дар Тоҷикистон саҳми барҷаста дошт. Дар сохтмони тарҳҳои бузурге, ба мисли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои Порлумони Тоҷикистон, бозори "Меҳргон", маркази савдои "Пойтахт", қароргоҳи ҳукуматӣ дар Ромит, истироҳатгоҳи президенти Тоҷикистон дар Пуғуси Вазоб, боғҳои Рӯдакӣ, Хайём ва ҷавонон, толори қабулгоҳи намояндагони ҳукуматӣ дар фурудгоҳи Душанбе, мадраса барои 1500 ҷой дар Душанбе, маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ нақши калидӣ доштааст.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов соли 1952 таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд. Ҳамчунин барои ду сол дар ИМА дар риштаи сохтмону меъморӣ такмили ихтисос кардааст.

Ӯ солҳои 1974-1995 ба унвони меъмор, меъмори калон, сармеъмори лоиҳаҳо, директори ИЛ "Душанбегипрогор" кор кардааст. Солҳои 1995-1997 Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе, сармеъмори шаҳри Душанбе, 1997-2002 Сармеъмори устохонаи илмию эҷодии ТҶ "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ", 2002-2015 директори ҶСК "Саноатсоз" ва аз соли 2015 Мудири кулли устохонаи илмию эҷодии ТҶ "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ" буд.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов доронадаи ордени "Шараф" ва аъзо-корреспонденти "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ" буд.

Ҳамчунин Зуҳуриддиновро муаллифи бархе аз биноҳои муосири сохтмонии солҳои ахири шаҳри Душанбе низ ном мебурданд.

XS
SM
MD
LG