Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айтен Рустамова раҳбари БАТР дар се кишвари Осиёи Марказӣ шуд


Рамзи БАТР
Рамзи БАТР

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Айтен Рустамова, як шаҳрванди Озарбойҷонро раҳбари намояндаи ин бонк дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таъин кард.

Ӯ кори худро рӯзи 1-уми сентябр дар намояндагии ин бонк дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон оғоз хоҳад кард.

Рустамова дар як хабарномаи БАТР гуфтааст, ки чор сол таҷрибаи кор дар кишварҳои Осиёи Марказиро дорад ва ба вазъи ин кишварҳо ошно аст. Ӯ гуфтааст, талош мекунад, ҳамкориҳоро дар муҳити пас аз КОВИД-19 бо лоиҳаҳои нав дар ин кишварҳо бештар кунад.

Айтен Рустамова аз соли 2001 то кунун дар вазифаҳои гуногуне дар БАТР кор кардааст. Ӯ дар ин вазифа Нил МакКейнро иваз мекунад, ки қарор аст, барои кор ба дафтари марказии бонк дар Лондон биравад.

XS
SM
MD
LG