Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор шоҳҷоизаи мусобиқаи байналмилалӣ дар Душанбе насиби паҳлавонони тоҷик шуд


Душанбе, 27-уми июни соли 2021.
Душанбе, 27-уми июни соли 2021.

Чаҳор шоҳҷоизаи (автомашина) мусобиқаи байналмилалии гуштини миллӣ, ки дар Душанбе доир гашт, насиби паҳлавонони тоҷик шуд. Дар ин мусобиқа, ки рӯзи 27-уми июн ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир шуд, паҳлавонон аз ҳашт кишвар -- Озарбойҷон, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Эрон, Узбекистон ва Тоҷикистон, ҳузур доштанд. Паҳлавонон дар чаҳор вазн -65 кг, -75, кг, -90 кг ва +90 кг бо ҳам рақобат карданд.

Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, дар вазни -65 килограмм паҳлавони тоҷик Ориф Додов дар сабқати ниҳоӣ рақиби худ аз Узбекистон Дилшод Бӯриевро шикаст дод ва нишони тиллоро аз худ кард. Дар ин вазн ҷойҳои севумро паҳлавонон аз Тоҷикистону Афғонистон Хайрандеш Муродзода ва Муҳаммад Юсуф Шаайб ишғол карданд.

Дар вазни -75 килогарм паҳлавони тоҷик Маҳмадшариф Наҷмиддинов ҳарифаш аз Узбекистон Улуғбек Отамуродовро мағлуб кард ва шоҳҷоизаро ба даст овард. Ҷойҳои севумро дар ин вазн Мирлан Эралиев аз Қирғизистон ва Мирзоҷамил Рамазонов аз Узбекистон аз худ карданд.

Дар вазни зери 90 килограм паҳлавони номдори тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бо мағлуб кардани ҳарифаш аз Узбекистон Эркин Қазоқов соҳиби шоҳҷоиза шуд. Медалҳои биринҷӣ дар ин вазн насиби Арам Григорян аз Русия ва Ҳамроз Раҷабов аз Тоҷикистон шуд.

Дар яке аз ҷолибтарин рақобатҳои ин сабқат, паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни аз 90 килограм боло, ҳарифаш аз Эрон Иброҳим Шаҳриёрро дар сонияҳои аввали сабқаш ба пушт хобонд ва нишони тилло ва шоҳҷоизаи мусобиқаро аз худ кард. Мақом севум дар ин вазн насиби паҳлавонони узбекистонӣ Шариф Назриев ва Яҳё Имомов шуд.

Мусобиқаи байналмилалии гуштиниӣ миллӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и пойхт бо ҳузури ҳазор нафар аз мухлисон доир шуд.

XS
SM
MD
LG