Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии "Равшан" пас аз "нофаҳмиҳо" дар ин даста аз мақомаш истеъфо дод


Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии пешини
Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии пешини

Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии тими футболи "Равшан"-и Кӯлоб пас аз ихтилофҳои чандҳафтаина дар ин даста, аз мақомаш истеъфо додааст. Шуморе аз бозигарон ва сармураббӣ якдигарро дар бурузи ин ихтилоф айбдор мекунанд.

Ғайраталӣ Мираҳмадов рӯзи 24-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар шикоятҳои зиёд дар нисбаташ, дирӯз тасмим гирифт, ки ба фаъолияташ дар ин даста поён диҳад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз маълум нест, ки раҳбарии дастаро кӣ ба дӯш мегирад. "Бо бозингарон ба мувофиқа нарасидем, бинобар ҳамин, тасмим гирифтам, ки дастаро тарк кунам",-афзуд Ғайраталӣ Мираҳмадов.

Ихтилоф миёни бозингарон ва сармураббии дастаи "Равшан" баъди мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ бо дастаи ССКА-и Душанбе ба миён омад. Дар пайи ин ихтилофҳо, "Равшан" рӯзи 6-уми июн бозиаш бо дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро бидуни сармураббӣ баргузор кард.

Бозингарон дар як номаи дастаҷамъӣ ба муассисон шикоят кардаанд, ки натиҷаҳои соли гузашта боиси "аз худ рафтан"-и сармураббӣ гашта, дар мавсими нави футбол боиси нокомиҳо гашта. Дар як мактуб бо имзои 21 бозигари тими "Равшан" футболзонон навиштаанд, бо ҳамин сабабҳо дигар намехоҳанд бо сармураббии феълӣ мавсими имсоларо пушти сар кунанд.

Аммо сармураббии даста гуфт, ки ин ихтилоф на миёни ӯ, балки аввал аз миёни худи бозингарон оғоз шуд. Ғайраталӣ Мираҳмедов, сармураббӣ дастаи "Равшан"-и Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ихтилоф ҳини бозӣ бо дастаи ССКА-и Душанбе, сар зад.

"Бубинед, дар тамоми клубҳо баъди нокомиҳои пай дар пай бояд дар даста тағйирот ворид карда шавад. Ҳангоме, ки даста бозии худро бо ССКА-и Душанбе анҷом медод, 3:1 бурда истода буданд. Аммо дар қисмати дуюм бачаҳо маҳорати хуб нишон надоданд ва бози мусовӣ, яъне 3:3 анҷом ёфт. Мо маҷбур шудем, ки ба даста тағйирот ворид кунем. Ҳамин сабаб шуд, ки дар миёни даста ихтилоф пайдо шавад",-гуфт Ғайраталӣ Мираҳмедов.

Дастаи "Равшан" соли гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд ва дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2021 ширкат кард. Ин даста дар ҳоли ҳозир бо 12 имтиёз миёни 10 тими Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мақоми чаҳорум қарор дорад. Бозии ояндаи худро "Равшан" бо "Истиқлол"-и Душанбе анҷом медиҳад.

Ёздаҳ сол пеш бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти Лигаи олӣ зери суол рафта буд. Ин даста дар пайи дахолати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт ва ширкаташро дар мусобиқаҳо идома дод. Вале баъди ҳашт сол дастаи "Равшан" дигарбора ба мушкилӣ молӣ дучор шуд ва маҷбур шуд, автобуси ҳадякардаи президент Эмомалӣ Раҳмонро фурӯхта дар Лигаи аввали футбол мавқеашро нигоҳ дорад.

Дастаро то соли гузашта ҳукумати шаҳр ва вилоят сарпарастӣ мекард, аммо баъди баромадан ба Лигаи олӣ, сарпарастии дастаро бозори "Ҳоҷи Шариф” ба ӯҳда гирифтааст. Бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб яке аз дастаҳои сермухлистарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG