Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи президентии Эрон номзадҳои муҳофизакор бартарӣ доранд


Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пас аз раъй додан дар интихобот бо хабарнигорон суҳбат мекунад, 18-уми июни 2021.
Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пас аз раъй додан дар интихобот бо хабарнигорон суҳбат мекунад, 18-уми июни 2021.

Шаҳрвандони Эрон рӯзи 18-уми июн барои интихоби президенти нав райъ доданд. Доираи номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ хеле маҳдуд ва афроди санҷидашудаи низом буданд ва дар миёни онҳо муҳофизакорони ашаддӣ бартарӣ доранд.

Интизор меравад, ки рӯҳониии муҳофизакор Иброҳим Раисӣ дар интихоботи рӯзи 18-уми июн ба осонӣ пирӯз шавад. Зеро бисёре аз рақибони эҳтимолии ӯ аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони таҳти назорати раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз сабқат боздошта шуданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, натиҷаҳои аввали интихобот рӯзи 19-уми июн баъд аз зӯҳр ва натиҷаҳои ниҳоӣ, рӯзи 20-уми июн эълон мешаванд.

Иброҳим Раисии 60-сола низоми додгоҳии Эронро раҳбарӣ мекунад ва яке аз додрасҳое буд, соли 1988 як зумра мурофиаҳои сареъро назорат мекард ки дар он ҳазорон маҳбусони сиёсӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуда, эъдом шуданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки Раисӣ дар ҷиноятҳои зидди башарӣ айбдор аст ва Иёлоти Муттаҳида Амрико ӯро таҳти таҳрим қарор додааст.

Бинобар пешбинии таҳлилгарон пирӯзии Раисӣ дар интихобот аз бештар шудани нуфузи онҳое, ки зидди ғарб ҳастанд гувоҳӣ медиҳад, ки бар зиёни таҳамулгароён, ба мисли Ҳасани Рӯҳонӣ аст, ки ду давра раисҷумҳур буд. Ӯро аз меъморони асосии созишномаи ҳастаии соли 2015 меноманд, ки мувофиқи он Эрон ба маҳдуд кардани барномаи ҳастаии худ дар ивази сабук кардани таҳримҳо розӣ шуд. Ҳам Теҳрон ва ҳам Вашингтон гуфтанд, ки мехоҳанд ин созишномаро, ки соли 2018 аз ҷониби маъмурияти президенти пешини ИМА Доналд Трамп бекор шуд, барқарор кунанд.

Музокирот барои эҳёи созишнома моҳи апрели 2021 аз сар гирифта шуд. Аммо Хоманаӣ гуфт, аз панҷ қудрати ҷаҳонӣ, ки дар ибтидо созишномаро бо Теҳрон имзо кардаанд, “амал мехоҳад, на ваъда”. Дар ҳоле ки Теҳрон бо барқарор кардани анборҳои ғанишудаи уран ва тақвияти имконоти ғанисозии уран то сатҳи баландтар бандҳои созишномаро нақз мекард. Қабл аз рӯзи интихобот Шӯрои нигаҳбон, ки мустақиман аз ҷониби Хоманаӣ таъин мешавад, аксарияти кулли номзадҳои эҳтимолии ислоҳотхоҳро аз байн бурд ва имкони Раисиро тақвият бахшид.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG