Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ryanair аз “сиёсатзада” кардани парвозҳои ҳавоӣ ҳушдор дод


Майкл О’Лери, раҳбари иҷроияи ширкати ҳавоии Ryanair
Майкл О’Лери, раҳбари иҷроияи ширкати ҳавоии Ryanair

Мудири иҷроияи ширкати Ryanair гуфт, ки бо қарори манъи дарозмуддати парвозҳо ба Беларус мухолиф аст ва ба назараш, сиёсатзада кардани парвозҳои ҳавоӣ кори хатарнок мебошад. Майкл О’Лери афзуд, маҷбуран ва бо баҳонаи дурӯғини мавҷудияти бомба дар даруни ҳавопаймо нишондани он дар фурудгоҳи Минск “нақзи ошкорои тамоми муқаррароти байналмилалии парвозҳо мебошад”. Вале, ба гуфтаи ӯ, вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ба воқеа бо роҳи қатъи парвозҳо дар фазои Беларус дар дарозмуддат коромад нахоҳад буд. Майкл О’Лери ин ҳарфҳоро дар ҷаласае, ки 15 июн дар парлумони Бритониё баргузор шуд, зикр кард.

Ҳодиса 23 май рух дод. Мақомоти Беларус аз ҳавопаймое, ки аз Атен ба Вилнюс парвоз мекард, тақозо карданд, ки дар хоки Минск фуруд ояд ва дар паи ин, блоггери мунаққиди ҳукумати Беларус Раман Пратасевич ва дӯстдухтараш София Сапега, ки шаҳрванди Русия мебошад, боздошт шуданд. Ин амали мақомоти беларусӣ боиси интиқодҳои фаровони ҷомеаи байналмилалӣ шуд.

Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо аз ширкатҳои ҳавоии худ талаб карданд, ки дигар баъди ин аз ҳарими ҳавоии Беларус парвоз накунанд ва ҳам дар хоки ИА фуруд омадани ҳавопаймоҳои беларусӣ манъ шуд.

XS
SM
MD
LG