Яке аз бузургтарин ширкатҳои Чин ба ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон оғоз кардааст. Намояндагони Саридораи геологияи Тоҷикистон 27-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфтанд, Ширкати миллии нафту гази Чин - CNPC дар ҷанубу ғарби кишвар нафту газ ҷустуҷӯ мекунад.
Қаблан талошҳои чанд ширкат, аз ҷумла “Газпромнефт” дар ин минтақа тақрибан бенатиҷа буд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори идораи геология 27-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, алҳол сухан аз ҷустуҷӯ ва омӯзиши захираҳост.
“Ҳозир дар масъалаи истихроҷ гап нест. Масъалаи асосӣ парма кардани пармачоҳҳо мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки охири имсол ё аввали соли оянда ин кор анҷом шавад. Ин лоиҳаи муҳим аст ва мо онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додагӣ ҳастем”, - афзуд Сардори идораи геология.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба ширкати CNPC парвонаи кор то соли 2033 дода шудааст. Бар асоси ин санад, ин ширкати чинӣ ҳақ дорад дар 57 майдон дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон нафту газ ҷустуҷӯ кунад. Ширкати CNPC соли 2011 вориди Тоҷикистон шуда буд ва бо ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед” баҳси додгоҳӣ ҳам дошт. Dong Ying heli Investment– як зерширкати зертоеби CNPC 90 дарсади саҳмияҳои корхонаи коркарди нафти Данғараро дар ихтиёр дорад. Ин корхона тақрибан шаш сол пеш сохта шуда, вале то ҳол ба коркарди нафт сар накардааст.
Талошҳо барои пайдо ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон то ин дам натиҷаи дилхоҳ надодааст. Дар гузашта ширкатҳои “Газпромнефт”, Total ва Тетрис Петролиум талош карданд дар Тоҷикистон нафту газ истихроҷ кунанд, аммо баъдан аз кишвар рафтанд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори идораи геология 27-уми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "корҳо аз ҷониби ширкати «Газпром» ба таъхир гузошта шудааст. Мо ҳам мехостем соли 2023 бозбинӣ кунем лекин дар ин самт навгонӣ нест".
Бино бар омори иктишофии Саридораи геология, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна захираи нафт ва 3,4 миллиард метри мукааб газ муайян шудааст. Баъзе коршиносон як сабаби муваффақ набудани истихроҷи нафтро дар Тоҷикистон дар чуқур будани нафт медонанд.
Каюмарси Маҳмадкарим, геологи тоҷик мегӯяд, мушкили асосӣ дар он аст, ки қабати нефту газ дар Тоҷикистон дар чуқурии 6-7 ҳазор метр ҷойгир шудааст. “Барои он қабатро парма карда гузаштан мо мушкили калон дорем, қабати намаку гаҷсангӣ аст. Вай бисёр қабати мулоим аст ва барои ҳаффорӣ ва расидан ба қабати нафту газдор халал мерасонад.»
Ба гуфтаи ин мутахассиси тоҷик, таҷрибаи ахири ширкатҳои амрикоӣ дар Халиҷи Мексика нишон дод, ки мешавад аз қабати намаку гаҷсангӣ гузашт ва ба нафт расид.
Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти дохилиаш бо маводи сӯхт аз хориҷ миллионҳо тонна сӯзишворӣ ворид мекунад. Бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз Русия ва гази моеъ аз Қазоқистон харидорӣ мешавад. Зоҳиран ба ин далел нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳои ҳамсоя гаронтар аст.
Гуфтугӯ