Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ аз поён рафтани нархи билети ҳавопаймоҳо хабар дод

Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2025 нархи билет ба хориҷи кишвар 25-30 дарсад поён рафтааст.

Аз ҷумла мақомот мегӯянд, билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия 15-20 дарсад арзонтар шудаанд. Аммо мусофирон, бахусус муҳоҷирон аз гарон будани нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия шикоят доранд.

Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия 1400 ва билети бозгашт 2800-3000 сомонӣ аст.

Намояндагони Оҷонсии авиатсия гуфтанд, бо ҳадафи поён бурдани нархи билет Фурудгоҳи Душанбе ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ 40 дарсад тахфиф додааст. Дар варақаи матбуотии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ омадааст, нархи билети ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Маскав аз 2580 то 1345 сомонӣ кам шудааст. Ҳамчунин нархи билет аз Душанбе ба Санкт-Петербург 1700 сомонӣ ва Душанбе-Красноярск 1300 сомонӣ таъйин шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин омор мушкил аст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳбари Оҷонсии авиатсия пурсид, ки нархи билет дар фасли баҳор аз Тоҷикистон ба Русия ва тирамоҳ аз Русия ба Тоҷикистон гарон мешавад. Ҳабибулло Назарзода мегӯяд, Оҷонсии авиатсия нархи билетҳоро назорат мекунад ва дар сурати беасос боло бурдани нарх иҷозатномаи нуқтаи билетфурӯширо лағв мекунад.

Нархи билет аз Тоҷикистон ба хориҷ, бахусус ба Русия аз шикоятҳои асосии мусофирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Гарон будани нархи билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ аз ҷумла, тариқи автобус ба Тоҷикистон баргарданд.

Сафар бо нақлиёти заминӣ то 3-4 рӯз тӯл мекашад ва муҳоҷирон мегӯянд, дар роҳҳо, бахусус дар биёбонҳои Қазоқистон, азоб мекашанд.

Хабар давоми рӯз такмил мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG