Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон марги хонандаи ятимхонаро таҳқиқ мекунанд


Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Жипарис Рисбекова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Қирғизистон гуфт, ки марги хонандаи ятимхонаи вилояти Чуйро зери назорат гирифтааст.

Барои таҳқиқи марги хонанда аз ҳисоби чанд вазорат ва ниҳодҳои масъули Қирғизистон комисия ташкил шудааст.

"Комисия ҳолати марги наврасро дар ятимхона ҳамаҷониба меомӯзад", - гуфт Жипарис Рисбекова.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, соати 11 шаби 1 июн наврас Игор Якунин, соли таваллудаш 2008 фавтидааст. Якунинро хонаводае аз ИМА мехост. ба фарзандӣ қабул кунад.

Вакили мудофеи ин хонавода аз беамалии мақомоти Қирғизистон дар мавриди тафтиши марги Якунин шикоят кардааст.

XS
SM
MD
LG