Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин фош кардани иттилои хусусии ходимони амниятро ба ҷиноят баробар кард


Зане дар Русия тавассути YouTube мустанади Алксей Навалний бо номи "Қасри Путин"-ро тамошо мекунад
Зане дар Русия тавассути YouTube мустанади Алксей Навалний бо номи "Қасри Путин"-ро тамошо мекунад

Президенти Русия тарҳи қонунеро имзо кард, ки барои фош кардани иттилои хусусии ходимони ҳифзи қонун ва наздикони онҳо муҷозот пешбинӣ мекунад. Ин тасмим, ба қавли коршиносон, боиси афзоиши фасод ва аз ҷавобгарӣ дур мондани ин гурӯҳи нафарон мешавад. Дар миёни муҷозот ҳукми зиндон, ҳабси хонагӣ, кори маҷбурӣ ва ҷарима дар ҳаҷми то 18 маош пешбинӣ мешавад.

Чунин муҷозот пеш аз ҳама алайҳи таҳқиқоти фошкоронае равона шудааст, ки раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний ва дигар муҳаққиқон барои урён кардани ҳолатҳои фасодхориҳои мақомот дар мустанадҳои худ анҷом додаанд. То замони боздошташ Навалний чандин мустанаде нашр кард, ки дороиҳои ҳангуфти президент Путин ваё собиқ президент Дмитрий Медведевро фош мекард. Танҳо як филме бо номи “Қасри Путин” дар YouTube беш аз 100 миллион тамошобин дорад. Муаллифи он – Бунёди зиддикоррупсияи Навалний тавонистааст бо ҷузъиёти тамом хароҷоти бемислеро тасвир кунад, ки дар сохтмони қаср истифода шудааст. Ахиран ин созмонро мақомот “экстремистӣ” ва мамнӯъ номиданд.

XS
SM
MD
LG