Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилоф дар "Равшан" ояндаи дастаро норавшан кардааст


Футболбозони дастаи "Равшан"

Як гурӯҳ футболбозони дастаи "Равшан"-и Кӯлоб намехоҳанд, ки сармураббии феълӣ ба кораш идома диҳад. Сармураббии даста дар бурузи ихтилоф шуморе аз бозигаронро айбдор медонад. Дастаи Равшан соли гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд ва дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2021 ширкат кард.

Нофаҳмӣ аз куҷо сар зад?

Ихтилоф миёни бозингарон ва сармураббии дастаи "Равшан" баъди мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ бо дастаи ССКА-и Душанбе ба миён омадааст. Дар пайи ин ихтилофҳо, "Равшан" бозии ахирашро рӯзи 6-уми июн бо дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ бидуни сармураббӣ баргузор кардааст.

Бозингарон дар як номаи дастаҷамъӣ ба муассисон шикоят кардаанд, ки натиҷаҳои соли гузашта боиси "аз худ рафтан"-и сармураббӣ гашта, дар мавсими нави футбол боиси нокомиҳо гаштааст. Дар як мактуб бо имзои 21 бозигари тими "Равшан", ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, футболзонон навиштаанд, бо ҳамин сабабҳо дигар намехоҳанд бо сармураббии феълӣ мавсими имсоларо пушти сар кунанд.

Дастаи "Равшан" соли гузашта соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.
Дастаи "Равшан" соли гузашта соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.

"Натиҷаи соли гузашта он буд, ки даста ба Лигаи олӣ роҳхат ёфт ва Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гашт. Ин натиҷаҳои мо боиси аз худ рафтани сармурабби даста Мираҳмедов Ғайраталӣ гардид ва дар мавсими нави соли 2021 барои мо боиси нокомиҳо гашт. Зеро сармураббӣ ба тамрину тарбияи даста диққати ҷиддӣ намедиҳад ва аз сабаби ноӯҳдабароии вай, мо дар чанд вохӯриҳои дохилӣ ва хориҷӣ ноком гаштем. Якчанд бозингарони ҷасуру бо маҳорат, ки дар дастовардҳои даста нақши калидӣ доштанд, аз даста ронда шуданд. Бинобар ин, сатҳи маҳорати даста хеле поин рафт. Бинобар ин, мо бозингарон ва роҳбарияти даста бо сармураббӣ Мираҳмедов Ғайраталӣ дигар қатъиян хоҳиши фаъолият надорем",-омадааст дар эътирозномаи бозингарон дастаи "Равшан.

Сармураббӣ: баъди нокомиҳо бояд тағйирот шавад

Аммо сармураббии даста гуфт, ки ин ихтилоф на миёни ӯ, балки аввал аз миёни худи бозингарон оғоз шуд.

Ғайраталӣ Мираҳмедов, сармураббӣ дастаи "Равшан"-и Кулоб рӯзи 9-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ихтилоф ҳини бозӣ бо дастаи ССКА-и Душанбе, сар зад.

"Бубинед, дар тамоми клубҳо баъди нокомиҳои пай дар пай бояд дар даста тағйирот ворид карда шавад. Ҳангоме, ки даста бозии худро бо ССКА-и Душанбе анҷом медод, 3:1 бурда истода буданд. Аммо дар қисмати дуюм бачаҳо маҳорати хуб нишон надоданд ва бози мусовӣ, яъне 3:3 анҷом ёфт. Мо маҷбур шудем, ки ба даста тағйирот ворид кунем. Ҳамин сабаб шуд, ки дар миёни даста ихтилоф пайдо шавад",-гуфт Ғайраталӣ Мираҳмедов.

Ояндаи дастаи "Равшан" чӣ мешавад?

Дастаи "Равшан" дар шаҳри Бишкек. 13 майи соли 2021
Дастаи "Равшан" дар шаҳри Бишкек. 13 майи соли 2021

Ёздаҳ сол пеш бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти Лигаи олӣ зери суол рафта буд. Ин даста дар пайи дахолати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт ва ширкаташро дар мусобиқаҳо идома дод. Вале баъди ҳашт сол дастаи "Равшан" дигарбора ба мушкилӣ молӣ дучор шуд ва маҷбур шуд, автобуси ҳадякардаи президент Эмомалӣ Раҳмонро фурӯхта дар Лигаи аввали футбол мавқеашро нигоҳ дорад.

Дастаро то соли гузашта ҳукумати шаҳр ва вилоят сарпарастӣ мекард, аммо баъди баромадан ба Лигаи олӣ, сарпарастии дастаро бозори "Ҳоҷи Шариф” ба ӯҳда гирифтааст.

Бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб яке аз дастаҳои сермухлистарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG