Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи иштироккунандагони 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2021 маълум шуданд 


Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2021, ки рӯзҳои 21-22-юми май бо ширкати 12 дастаи лигаи аввал баргузор шуданд, ҳамаи иштироккунандагони даври ҳаштякниҳоии мусобиқа муайян шуданд.

Натиҷаҳои бозиҳои даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон чунин аст: «Моҳир» (Ёвон) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 1:0, «Саройкамар» (Панҷ) – «Вахдат» (Ваҳдат) – 3:2, «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Равшан» (Зафаробод) – 2:0, «Динамо» (Душанбе) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 1:3, «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Ҳосилот» (Фархор) – 3:2 ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Исфара» Исфара) – 11:0.

Ғолибони ҷуфтҳо - «Моҳир», «Саройкамар», «Панҷшер», «Ҳулбук», «Пахтакор» ва «Регар-ТадАЗ» ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Даҳ дастаи лигаи олӣ барои Ҷоми Тоҷикистон аз даври ҳаштякниҳоӣ мубориза мебаранд. Қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дертар доир мегардад.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Даври пешакӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Исфара» – 11:0

Голҳо: Фирӯз Қараев, 5 – аз пеналти (1:0). Шуҳрат Элмуродов, 16 (2:0). Парвиз Бахтиёрзода, 19 (3:0). Алишер Шарипов, 21 (4:0). Шавкати Ҳотам, 27 (5:0). Акбар Бобомуродов, 30 (6:0). Шерзод Маҳамадиев, 37 (7:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 43 (8:0). Азизбек Ҳаитов, 54 (9:0). Акбар Бобомуродов, 68 (10:0). Амин Эргашев, 85 (11:0).

«Моҳир» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Акмал Зулпалиев, 1.

«Саройкамар» – «Ваҳдат» – 3:2

Голҳо: Умедҷон Азизов, 26 – аз пеналти (0:1). Фаридун Нарзуллоев, 37 (0:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 61 (1:2). Мунис Расулов, 73 (2:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 90+3 (3:2).

«Панҷшер» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:0

Голҳо: Шавкат Худойназаров, 65 – аз пеналти (1:0). Шавкат Худойназаров, 75 (2:0).

«Динамо» – «Ҳулбук» – 1:3

Голҳо: Амирҷон Алихонов, 21 (0:1). Гурез Аслонов, 41 (0:2). Самариддин Расулов, 88 (0:3). Фахриддин Аҳтамов, 90+2 (1:3).

«Пахтакор» – «Ҳосилот» – 3:2

Голҳо: Баҳриддин Муҳиддинов, 10 (1:0). Исроил Сомон, 20 (1:1). Далер Шарипов, 50 (2:1). Хайрулло Азизов, 58 (2:2). Фарҳодҷон Бобоев, 108 (3:2).

XS
SM
MD
LG