Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" пешсафиашро дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон идома медиҳад 


Рӯзи 2-юми июн ду бозии мавқуфмондаи даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри «Хуҷанд дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Эҳсон Бобоев дар дақиқаҳои охири дидор ба самар расонид.

Бозии дигар миёни дастаҳои ССКА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом ёфт. Голҳои ССКА-ро Шервонӣ Мабатшоев (аз пеналти), Комрони Мирзохон ва Элчибек Рашидбеков, голҳои “Равшан”-ро легионери африқоӣ Эффаҳ Кингслей Осей, Далер Шомуродов (аз пеналти) ва Саидамири Саидаҳмад заданд.

Рӯзи якшанбеи 6-уми июн боз ду бозии дигари мавқуфмонда ба нақша гирифта шудааст. Дар ин рӯз ду дастаи шаҳри Хуҷанд - “Эсхата” ва “Хуҷанд” - бозии мавқуфмондаи даври ҳаштумро баргузор мекунанд.

Инчунин 6-уми июн бозии мавқуфмондаи даври нӯҳум миёни дастаҳои «Равшан”-и Кӯлоб ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ доир мегардад.

Зимнан, ба ҷуз аз ин ду бозӣ, боз шаш бозии дигари мавқуфмондаи марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор нашудааст. То ҳоло танҳо бошгоҳи ССКА ҳамаи бозиҳояшро дар марҳилаи аввал анҷом додааст.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Хуҷанд» бо 16 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Файзканд»-и Восеъ бо 12-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 7-ум

«Хуҷанд» – «Файзканд» – 1:0

Гол: Эҳсон Бобоев, 90+1.

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсон Бобоев («Хуҷанд»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

2-юми июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2200 тамошобин.

ССКА – «Равшан» – 3:3

Голҳо: Эффаҳ Кингслей Осей, 18 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 26 – аз пеналти (1:1). Далер Шомуродов, 36 – аз пеналти (1:2). Сайидамири Сайидаҳмад, 40 (1:3). Комрони Мирзохон, 55 (2:3). Элчибек Рашидбеков, 89 (3:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев (ССКА).

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).

2-юми июн. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. 700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

5

1

1

15-5

16

2

«Хатлон» (Бохтар)

8

3

3

2

9-7

12

3

«Файзканд» (Восеъ)

8

3

3

2

8-7

12

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

8

3

2

3

13-12

11

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8

3

2

3

10-14

11

6

«Истаравшан» (Истаравшан)

8

2

3

3

8-9

9

7

«Душанбе» (Душанбе)

8

2

3

3

13-16

9

8

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

4-1

7

9

«Равшан» (Кӯлоб)

7

1

3

3

8-11

6

10

ССКА (Душанбе)

9

1

3

5

9-15

6

Нишонзанҳо: Абдухалил Боронов («Файзканд») – 6 тӯб, Артём Сердюк («Хуҷанд»), Акобир Тӯраев («Эсхата») – 5-тӯбӣ, Люк Менҷана Леонел («Душанбе») – 4 тӯб, Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Хатлон»), Шервонӣ Мабатшоев (ССКА) – 3-тӯбӣ.

Бозии мавқуфмондаи даври 8-ум

6-уми июн (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Эсхата» – «Хуҷанд»

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

6-уми июн (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Равшан» – «Кӯктош»

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG