Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки "Равшан" ва "Хуҷанд" дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021, ки рӯзи ҷумъа, 14-уми май, оғоз меёбад, иштирок мекунанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “F” ноиби қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи "Хуҷанд" -и шаҳри Хуҷанд, бошгоҳҳои «Насаф”-и Қаршӣ, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон, “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон ва “Олой”-и Ӯш, барандаи Ҷоми Қирғизистон, иштирок хоҳанд кард.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд. Бо тасмими AFC бозиҳо бо ширкати «Хуҷанд» соати 21:05 оғоз меёбанд.

Мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "E" аз 14-ум то 20-уми май дар Бишкек доир мегардад, ки дар он барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон - "Равшан"-и Кӯлоб бо қаҳрамони Қирғизистон - "Дордой" ва ноиби қаҳрамони Туркманистон - "Аҳал" - рақобат хоҳад кард. Дар ин ҷо бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов баргузор шуда, соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.

Ғолибони гурӯҳҳои минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, ҳанарнамоӣ мекунанд.

Ҷоми AFC-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи "F"

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

«Насаф» (Узбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Олой» (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

17:00 – «Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон)

21:05 – «Олтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

17:00 – ««Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

21:05 – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Узбекистон)

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

17:00 – «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

21:05 – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гурӯҳи «Е»

Макон – Бишкек, Қирғизистон

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14-уми май (ҷумъа)

19:00 «Аҳал» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17-уми май (душанбе)

19:00 «Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 3-юм

20-уми май (панҷшанбе)

19:00 «Равшан» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG