Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ба Бишкек рафт, "Олой" дар Душанбе бозӣ мекунад. ВИДЕО


Бозигарони дастаи "Олой" дар фурудгоҳи Душанбе
Бозигарони дастаи "Олой" дар фурудгоҳи Душанбе

Пӯшондани тоқии тоҷикӣ ба ҳар бозигар. Дастаи "Олой"-и Уш, барандаи Ҷоми Қирғизистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чунин пешвоз гирифтанд. Ин даста барои иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), ки рӯзи 14-уми май оғоз мешавад, ба Тоҷикистон омад. Дар ҳамин ҳол, дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба Бишкек рафтааст.

Сафари онҳо пас аз тақрибан ду ҳафтаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад. Дар ин ҳодиса аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.

Бозигарони дастаи "Олой" дар фурудгоҳи Душанбе
Бозигарони дастаи "Олой" дар фурудгоҳи Душанбе

Рақибони дастаи "Олой" дар ин бозӣ "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, бошгоҳҳои "Насаф"-и Қаршӣ, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон ва "Олтин Асир"-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон мебошанд. Онҳо дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “F” рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.

Сармураббии бошгоҳи “Олой”-и Қирғизистон рӯзи 13-уми май дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли хабарнигорон аксаран бо забони тоҷикӣ посух медод. Ӯ мутахассиси тоҷик Нуъмонҷон Юсупов аст.

Нуъмонҷон Юсупов
Нуъмонҷон Юсупов

"Вақте дастаи “Олой”-ро қабул кардам, он қадар бозигар надошт. Корро аз сифр сар кардем. Ҳайат комилан нав шудааст. Рақибонамон дастаҳои пурқувватанд. Иҷрои вазифаҳое, ки дар назди дастаи мо гузошта шудааст, каме душвортар аст, вале мекӯшем, ки хуб бозӣ кунем", - иброз дошт Юсупов.

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи "Хуҷанд", гуфт, ки тамринҳои дастааш дар Туркия ҷиҳати омодагӣ ба ин мусобиқа ва чанд бозии санҷишӣ дастаашонро дар қиболи тимҳои дигар рақобатпазир кард.

Ӯ афзуд: "Тавоноии рақибонамонро медонем, аз онҳо наметарсем, аммо эҳтиром мекунем. Фикр мекунам, мо бозии хуб нишон медиҳем", - афзуд ӯ.

Навори видеоиро дар ин ҷо бинед:

Истиқболи гарми футболбозони қирғиз дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Дар аввалин даври мусобиқа дар гурӯҳи "F" 14-уми май нахуст "Насаф"-и Узбекистон бо "Олой"-и Қирғизистон, сипас "Олтин Асир"-и Туркманистон бо "Хуҷанд"-и Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Ҳамзамон дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, барои ширкат дар мусобиқаи Ҷоми AFC дар гурӯҳи "E" ба Бишкек сафар кардааст. Рақибони "Равшан" қаҳрамони Қирғизистон - "Дордой" ва ноиби қаҳрамони Туркманистон - "Аҳал" мебошанд.

Бозигарони дастаи "Равшан" дар Бишкек
Бозигарони дастаи "Равшан" дар Бишкек

Дар аввалин даври мусобиқа дар гурӯҳи “Е” 14-уми май “Равшан" бо "Аҳал" рақобат мекунад. Дар Бишкек бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов баргузор шуда, соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.

Ғолибони гурӯҳҳои минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, ҳанарнамоӣ мекунанд.

Ҷоми AFC-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи "F"

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

"Насаф" (Узбекистон)

"Олтин Асир" (Туркманистон)

"Хуҷанд" (Тоҷикистон)

"Олой" (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

17:00 – "Насаф" (Узбекистон) – "Олой" (Қирғизистон)

21:05 – "Олтин Асир" (Туркманистон) – "Хуҷанд" (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

17:00 – "Олой" (Қирғизистон) – "Олтин Асир" (Туркманистон)

21:05 – "Хуҷанд" (Тоҷикистон) – "Насаф" (Узбекистон)

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

17:00 – "Насаф" (Узбекистон) – "Олтин Асир" (Туркманистон)

21:05 – "Хуҷанд" (Тоҷикистон) – "Олой" (Қирғизистон)

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гурӯҳи "Е"

Макон – Бишкек, Қирғизистон

"Равшан" (Тоҷикистон)

"Дордой" (Қирғизистон)

"Аҳал" (Туркманистон)

Даври 1-ум

14-уми май (ҷумъа)

19:00 "Аҳал" (Туркманистон) – "Равшан" (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17-уми май (душанбе)

19:00 "Дордой" (Қирғизистон) – "Аҳал" (Туркманистон)

Даври 3-юм

20-уми май (панҷшанбе)

19:00 "Равшан" (Тоҷикистон) – "Дордой" (Қирғизистон)

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG