Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Насаф"-и Узбекистон ва "Аҳал"-и Туркманистон ба даври баъдии Ҷоми AFC-2021 роҳ ёфтанд


Дастаҳои "Насаф", ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон ва "Аҳал", ноиби қаҳрамони Туркманистон, ки дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гуруҳи худ ғолиб шуданд, ба ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа мушарраф гаштанд.

“Насаф” дар бозии ҳалкунандаи гуруҳи “F”, ки рӯзи панҷшанбе, 20-уми май, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, “Олтин Асир”, қаҳрамони Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи “F “Хуҷанд”, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, шаби панҷшанбеи 20-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бошгоҳи «Олой”, барандаи Ҷоми Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, дар гуруҳи “F” дастаи “Насаф” бо 9 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифт ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. “Хуҷанд” бо 4 имтиёз мақоми дуюмро касб кард. “Олтин Асир” бо чор имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуд. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷой гирифт.

Ҳамзамон дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2021 дар Бишкек ширкат кард. Рақибони “Равшан” дар гурӯҳи "E" қаҳрамони Қирғизистон - "Дордой" ва ноиби қаҳрамони Туркманистон - "Аҳал" буданд.

“Равшан», ки дар аввалин даври мусобиқа 14-уми май аз «Аҳал бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда буд, дар даври дуюм истироҳат кард. Дар даври сеюм рӯзи панҷшанбеи 20-уми май бозии охирини ин гуруҳ байни дастаҳои «Равшан» ва «Дордой» доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии футболбозони қирғиз бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Вале натиҷаи ин бозӣ муҳим набуд. Зеро ки дастаи “Аҳал” бо 6 имтиёз пешакӣ ғолиби гуруҳ шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Ғолибони гуруҳҳои Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, иштирок мекунанд.

Ҷоми AFC-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи "F"

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

«Насаф» (Узбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Олой» (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

«Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 4:0

Голҳо: Суҳроб Нуруллоев, 52 (1:0), Шоҳмалик Комилов, 59 (2:0), Ҳусейн Норчаев, 64 (3:0), Ҳусниддин Алиқулов, 75 (4:0).

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:2

Голҳо: Олтимурод Аннадурдиев, 15 (1:0), Артём Сердюк, 25 (1:1), Дилшод Бозоров, 41 (1:2), Олтимурод Аннадурдиев, 45, (2:2).

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Олой» (Қирғизистон) «Олтин Асир» (Туркманистон) – 4:5

Голҳо: Ойбек Абдуғаффоров, 2 (0:1), Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1), Олтимурод Аннадурдиев, 41 (1:2), Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3), Михаил Титов, 48 (1:4), Гуяҷмурод Аннақулиев, 72 (2:4), Фурқат Турсунов, 84 (3:4), Адилет Нурлан, 90 (4:4), Олтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналти (4:5).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Узбекистон) – 0:3

Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1), Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2), Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

«Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) 2:0

Голҳо: Шоҳмалик Комилов, 27-аз пеналтӣ (1:0), Ҳусейн Норчаев, 35 (2:0).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0), Абдулмуъмин Забиров, 50 (2:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Насаф» (Узбекистон)

3

3

0

0

9-0

9

2

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

3

1

1

1

4-5

4

3

“Олтин Асир ” (Туркманистон)

3

1

1

1

7-8

4

4

“Олой” (Қирғизистон)

3

0

0

3

4-11

0

Гурӯҳи «Е»

Макон – Бишкек, Қирғизистон

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14-уми май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) «Равшан» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Элман Тағоев, 14 (1:0), Элман Тағоев, 18 (2:0), Далер Шомуродов 52 – аз пеналти (2:1), Қурбон Аннаев, 63 (3:1).

Даври 2-юм

17-уми май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2

Голҳо: Александр Мишенко, 7 (0:1), Элман Тағоев, 78 (0:2).

Даври 3-юм

20-уми май (панҷшанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) «Дордой» (Қирғизистон) – 0:3

Голҳо: Ҷоел Кожо, 16 (1:0), Абай Боколеев, 39 (2:0), Абай Боколеев, 82 (3:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Аҳал» (Туркманистон)

2

2

0

0

5-1

6

2

«Дордой» (Қирғизистон)

2

1

0

1

3-2

3

3

«Равшан» (Тоҷикистон)

2

0

0

2

1-6

0

XS
SM
MD
LG