Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони "UzAuto Motors" дар Узбекистон дубора корпартоӣ карданд


Эътирози кормандони ширкати "Uz-Koram Co"
Эътирози кормандони ширкати "Uz-Koram Co"

Кормандони ширкати "Uz-Koram Co" дар вилояти Андиҷони Узбекистон, ки бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошин машғул аст, дар эътироз ба таъхир дар пардохти маош ва поин рафтани миқдори он корпартоӣ карданд.

Кормандони ширкат мегӯянд, ҳафтаи гузашта беш аз 85 ҳамкори онҳо чанд соат корпартоӣ карданд ва раҳбарияти ширкат дар посух ба талаби онҳо ваъда дод, ки мушкилро ҳал мекунад.

Ба гуфтаи кормандон, онҳо ба ҳисоби миёна танҳо 60-70 дарсади моҳонаи худро дарёфт кардаанд ва онро ҳам бо таъхир.

Кормандони “Uz-Koram Co” мегӯянд, ширкат 30-юми май 25-солагии худро ҷашн гирифт ва он рӯз ба мудирони корхона мукофотпулӣ дода шуд, вале ба кормандони оддӣ чизе надоданд.

Раҳбарияти “Uz-Koram Co” қазияро шарҳ намедиҳанд.

“Uz-Koram Co” яке аз бузургтарин корхонаҳои мошинсозӣ дар вилояти Андиҷон аст, ки наздики 1000 корманд дорад.

Рӯзи 6 марти соли равон кормандони ширкати мошинсозии "UzAuto" дар Узбекистон ҳам дар эътироз ба поин рафтани ҳаҷми маоши худ корпартоӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG