Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи маъракаи зидди фалаҷи атфол дар Покистон


Ходими полис ҳангоми эмкунии кӯдаке аз фалаҷ амнияти корманди тибро таъмин мекунад. Покистон, моҳи марти соли 2021
Ходими полис ҳангоми эмкунии кӯдаке аз фалаҷ амнияти корманди тибро таъмин мекунад. Покистон, моҳи марти соли 2021

Дар Покистон 30 миллион тифли то 5-сола бояд дар панҷ рӯз бо воксинаи зидди фалаҷи атфол фаро гирифта шаванд. Мақомот гуфтанд, ки дар саросари ин кишвар 223 ҳазор корманди тиббӣ барои тақсими воксинаҳои қатраӣ сафарбар шудаанд. Фалаҷи атфол як навъи сирояти бисёр хатарнок аст, ки боиси фалаҷ ё беҳаракат шудани дасту по ва тани инсон мешавад.

Мақомот дар вилояти шимолуғарби Хайбар Пахтунхва гуфтанд, ки танҳо дар ин минтақа бояд 6 миллион кӯдак қатраҳои зидди полиомиелитро дарёфт кунанд. Барои ташкили дурусти кори кормандони тиббӣ 40 ҳазор афсари полис ҷалб шуда, тими комрандони тиббӣ иборат аз 30 ҳазор адад дар ба дари мардум рафта маъракаи эмкуниро барпо мекунанд.

Дар маъракаҳои гузашта бархе волидон монеи эмкунии фарзандон мешуданд. Илова ба ин, кормандони тиббиву ходимони полис дар давоми даҳсолаи гузашта бисёр вақт мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Бархе мухолифони эмкунӣ иддао мекарданд, ки гӯё дар асл мақомот мехоҳанд кӯдакони онҳоро безурёт кунанд ва кормандони тиббиро “ҷосус” меномиданд. Дар ҷаҳон ду кишвар – Афғонистон ва Покистон давлатҳои шадидан осебдида аз фалаҷи атфол ба шумор мераванд. Соли ҷорӣ дар Покистон танҳо як ҳодисаи олудашавӣ ба фалаҷ хабар дода шуд, соли гузашта 84 ҳодисаи нави гирифторӣ ба ин сироят ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG