Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз созиши "Осмони боз" хориҷ шуд


Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Президент Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки хуруҷи Русия аз як созиши байналмилалии ҷамъоварии маълумот дар бораи нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои хориҷиро ниҳоӣ мекунад. Охири соли гузашта ИМА ҳам аз ин созиш берун шуда буд. Аз созише, ки бо номи “Осмони боз” маъруф аст, қаблан Шӯрои федератсия - палатаи болоии парлумони Русия ва Думаи давлатӣ – парлумони ин кишвар хориҷ шудаанд. Созиш соли 2002 имзо шуда ба 34 кишвари имзогузори он имкон медиҳад, ки бар фарози дигар кишварҳои узви он парвозҳои назоратӣ анҷом диҳанд. Ин парвозҳо ба хотири ҷамъоварии маълумот ва шаффофияти фаъолиятҳои низомӣ анҷом мешаванд. Бар асоси ин санад 1500 парвоз анҷом шудааст.

ИМА батакрор гуфтааст, ки Маскав чандин бор ин созишро нақз кардааст.

Иқдоми Амрико зарбаи дигаре ба низоми назорати низомӣ шуд. Президенти собиқ Доналд Трамп чандин бор шикоят кардааст, ки муносибат бо Вашингтон дар ин замина одилона набудааст. Президенти кунунӣ Ҷо Байден ҳам моҳи гузашта гуфт, ки ба созиши “Осмони боз” барнамегардад, ҳарчанд дар давраи пешазинтихоботӣ Трампро барои тарки ин санад карданаш танқид карда буд.

Интизор меравад, ки рӯзи 16-уми июн президентони ИМА ва Русия дар шаҳри Женева бо ҳам мулоқот мекунанд. Ин вохӯрӣ дар шароите барпо мешавад, ки аз замони Ҷанги Сард равобити миёни Вашингтон ва Маскав дар поинтарин сатҳ қарор дорад. ИМА Русияро барои дахолат ба интихобот, пуштибонӣ аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ва ташкили ҳамлаҳои интернетӣ ё рахнагарӣ муттаҳам кардааст.

XS
SM
MD
LG