Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марди чинӣ дар Эрон барои нашри аксҳои занҳои маҳаллӣ


Дар як видео-гузорише дар бораи ҳолатҳои ба занҳо гап партофтани мардон дар кӯчаҳои Эрон нақл карда шуд. Додгоҳи Машҳад таҳиякунандаи ин видеоро ба ҷавобгарӣ кашид.
Дар як видео-гузорише дар бораи ҳолатҳои ба занҳо гап партофтани мардон дар кӯчаҳои Эрон нақл карда шуд. Додгоҳи Машҳад таҳиякунандаи ин видеоро ба ҷавобгарӣ кашид.

Додситонҳои эронӣ як шаҳрванди Чинро барои нашри аксҳои занони эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо онҳо мулоқот кардааст, боздошт карданд. Хабаргузории нимарасмии YJC рӯзи 1-уми июн навишт, ки додситони шаҳри Кошон гуфт, ин мард акси занонро бидуни иҷозаи онҳо нашр кардааст.

Додситон Рӯҳулло Деҳқонӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки алайҳи ин мард чандин шикоят дастрас шуд ва ӯ бояд аз рӯи иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ дар баробари додгоҳ посух гӯяд. Ба иттилои хабаргузории дигари нимарасмии ILNA, марди чинӣ дар роҳ ба Кошон боздошт шудааст.

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қонун доштани робитаҳои маҳрамонаи бидуни арӯсиро миёни мардону занон манъ мекунад. Мақомот дар ин кишвар ҳамеша нисбат ба нафароне, ки даст ба нашри, ба гуфтаашон аксҳои ғайриахлоқӣ мезананд, муҷозот пешбинӣ мекунад.

Reuters гуфт, ки Вазорати хориҷаи Чин барои шарҳи ин қазия дастрас набуд.

XS
SM
MD
LG