Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми ҳуқуқии Centerra Gold баъди зери назари давлат гузаштани Қумтор


Кони Қумтор ва даромади ширкати Centerra Gold аз истихроҷи тилло
Кони Қумтор ва даромади ширкати Centerra Gold аз истихроҷи тилло

Ширкати канадаии Centerra Gold, ки кони тиллои Қумторро дар Қирғизистон зери назар дорад, гуфт, ки баъди аз ҷониби давлати ин кишвар барои муваққат ғасб шудани ширкат, дар амри ҳимоят аз манфиатҳои он ва сармоягузоронаш даст ба иқдоми ҳуқуқӣ задааст. Қумтор моҳҳои охир мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ буд. Президент Содир Ҷабборов гуфт, ки бо сабаби нигарониҳо аз амнияти муҳитзистӣ ва нақзи қоидаҳои экологӣ зарур аст, ки кони тилло муваққатан ба ихтиёри давлати Қирғизистон гузарад.

Рӯзи 31-уми май ширкати канадаии Centerra Gold эълон кард, ки ширкатҳои марбутаи он - Kumtor Gold Company (KGC) ва Kumtor Operating Company (KOC) бар асоси моддаи 11-и Кодекси варшикастагии ИМА ба додгоҳи шаҳри Ню-Йорк ариза дода хостори муфлис эълон шудани ин ширкат шудааст. Дар изҳороти ширкати канадаӣ омадааст, ки тамоми даъвоҳои KGC ва KOC бозхонда мешаванд, то ки бо ҳукумати Қирғизистон музокира барпо гардид.

Бар асоси қонуни наве, ки 14-уми май қабул шуд, ҳукумати Қирғизистон барои се моҳ ширкатро ба дасти худ мегирад.

XS
SM
MD
LG