Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои русӣ: Як мард дар Маскав худ ва ҳамсару фарзандонашро куштааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Русия хабар доданд, ки як мард дар Маскав зану ду духтарашро кушта, сипас, риштаи ҳаёти худро кандааст. Иллатҳои ба ин кор даст задани ӯ маълум нест. Ҷасадҳоро рӯзи якшанбе дар наздикии ба Маскав ёфтаанд.

Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 31-уми май бо такя ба манобеаш навишт, аъзои хонавода соли 2010 аз Тоҷикистон ба шаҳри Волгогради Русия кӯчида, шаҳрвандии ин кишварро гирифта буданд.

Ба иттилои манбаъ, мард 42-сола, ҳамсараш 40-сола ва духтаронаш 11 ва 17-сола будаанд. Саҳифаи LifeShot дар Телеграм аз мард Фирӯз Ёров, зодаи Тоҷикистон, ном бурдааст, вале иттилои бештар дар бораи ӯ ва хонаводааш дастрас нест.

Хабаргузориҳои русӣ навиштанд, аъзои хонавода вақтҳои охир дар Маскав мезистанд ва ба қарибӣ ба қарз ё ипотека хонаи сеҳуҷраӣ гирифта буданд. "Интерфакс" навиштааст, марди хонадон дар яке аз ширкатҳои мухобиротӣ дар Маскав ба ҳайси маъмури амниятӣ кор мекард. Духтаронаш дар мактаб мехонданд ва занаш хонашин буд.

Манобеи хабаргузории "Интерфакс" гуфтаанд, дар паҳлӯи ҷасади мард ду шишаи сирко ёфтанд, ки яке аз онҳо холӣ будааст.

Таҳқиқи ҳодисаро додситонии вилояти Маскав назорат дорад. Як намояндаи додситонӣ ба расонаҳо гуфтааст, дар ин робита бар асоси моддаи "куштори ду нафар ё бештар аз он" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

XS
SM
MD
LG