Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: камии сабзӣ нархи онро боло бурдааст


Сабзӣ як маҳсулоти муҳими аксари ғизоҳои миллии тоҷикон мебошад ва аз оши палав сар карда то хошӯрбову лағмону шавла дар бисёр навъи хӯрокҳо истифода мешавад
Сабзӣ як маҳсулоти муҳими аксари ғизоҳои миллии тоҷикон мебошад ва аз оши палав сар карда то хошӯрбову лағмону шавла дар бисёр навъи хӯрокҳо истифода мешавад

Камчин шудани сабзӣ нархи онро дар Тоҷикистон боло бурдааст. Дар ин бора Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон хабар дода, ҳамчунин гуфтааст, ки ин тамоюл дар кишварҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад. Ҳафтаи гузашта нархи сабзӣ дар Тоҷикистон якбора аз 3 ва 4 сомонӣ, то ба 8 то 10 сомонӣ боло рафт.

Ба қавли Хадамоти зиддиинҳисорӣ, бо ҷамъоварии ҳосили нави ин маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳи июн қиммати он дар бозорҳои кишвар пойин хоҳад рафт. Вобаста ба бошиддат баланд рафтани нархи сабзӣ Вазорати кишварзии Тоҷикистон гуфт, ки онҳо истеҳсолкунанда мебошанд ва нархгузорӣ ба онҳо дахл надорад. Бино ба омори расмӣ, нархи як кило сабзӣ дар Душанбе дар аввали сол 1 сомониву 90 дирам буд. Дар шурӯи моҳи май ба 5 сомониву 30 дирам ва дар охири моҳ ба 10 сомонӣ баробар шуд.

XS
SM
MD
LG