Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимзода барои "вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Эрон" ба Теҳрон рафт


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми май дар раъси як ҳайат бо сафари корӣ ба Эрон рафтааст. Оқои Раҳимзода дувумин мақоми баландпояи низомии Тоҷикистон аст, ки тайи ду моҳи ахир аз Эрон дидан мекунад. Дар авоили моҳи апрел Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, ба Эрон сафар карда буд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳадаф аз ин сафарро, "вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм" эълон кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар ин сафари оқои Раҳимзода ба Эрон, чанд санад ҳам ба имзо расад.

Сафари Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи феврали имсол ҳамтои эрониаш Раҳмонии Фазлӣ ба Душанбе сафар карда буд. Дар ин сафар масъалаҳои мавриди ду назар баҳсу баррасӣ шуданд. Вазири умури дохилии Эрон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқот карда буд.

Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набудааст. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Теҳрон Душанберо барои гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд. Аммо дар се соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

Дар охири моҳи марти соли ҷорӣ вазири умури хориҷии Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф, барои иштирок дар нишасти "Қалби Осиё" ба Душанбе омада буд. Вай бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот дошт.

XS
SM
MD
LG