Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зан аз Тоҷикистон бо наберааш дар фурудгоҳи Қирғизистон банд мондааст


Фурудгоҳи Уши Қирғизистон
Фурудгоҳи Уши Қирғизистон

Маргарита Расулова, шаҳрванди Тоҷикистон бо набераи 6-солааш се рӯз боз дар фурудгоҳи Уши Қирғизистон дармондааст.

Ин зан бо наберааш рӯзи 25-уми май аз шаҳри Сургути Русия ба шаҳри Уш парвоз кардааст, то аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон равад, вале марзбонони қирғиз ба ӯ иҷозаи аз фурудгоҳ берун шудан надоданд.

Мақомоти қирғиз рӯзи 21-уми май хабар доданд, ки марз бо Тоҷикистонро бастаанд ва ба шаҳрвандони ин кишвар то ҳалли баҳси марзӣ иҷозаи вуруд ва хориҷ шуданро намедиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, аз ин тасмими мақомоти қирғиз замоне хабар ёфтанд, ки субҳи 26-уми май ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр"-ро бо 177 мусофир аз Бишкек ба Душанбе пас гардонданд.

Ҳамзамон ҳудуди сад мусофире, ки шаби 25-уми май бояд аз Бишкек ба Тоҷикистон бармегаштанд, иҷозаи парвоз дарёфт накарданд.

Маргарита Расулова ҳамроҳ бо набераи 6-солааш, аз ҷумлаи мусофиронест, ки мегӯяд, аз қарори мақомоти қирғиз то лаҳзаи расидан ба Қирғизистон хабар надоштанд. Мушкили ин зан дар он аст, ки ӯ танҳо санади бозгашт ба ватан дорад, ки бо он ба ҷуз Тоҷикистон ҳақи сафар ба ҳеҷ кишвареро надорад.

"Ба мо гуфтанд, ки ба ҳама иҷозат ҳаст, билет фурӯхтанд, санади бозгашт ба ватан доданд, ки амалан мо дигар ҳеҷ ҳуҷҷате надорем. Дар хазинаи чиптахарӣ пурсидем, ки чӣ хел ба Тоҷикистон равем, гуфтанд, ба воситаи Уш. Мо 25-уми май омадем ва дар хати сурх дармондем. Ба мо ҳатто об намедиҳанд. Мо хоҳиш кардем, ки иҷоза диҳанд, нон харем, вале иҷоза надоданд. Боварам намеояд, ки як зану кӯдакро иҷозаи сафар ба ватанашон надиҳанд. Се рӯз боз азоб мекашем.",--гуфт Маргарита Расулова.

Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи "Манас" банд мондани як зану кӯдак аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи Ушро тасдиқ кард, вале гуфт, онҳо аз ҷониби ширкате, ки онҳоро овардааст, бо маводи ғизоӣ таъмин мешаванд.

Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, рӯзи 24-уми май гуфт, "чанде пеш дар бораи комилан қатъ кардани равуо тавассути марзи давлатӣ бо Тоҷикистон қарор қабул шуд". Вай афзуд, ин вазъ то замони ҳалли баҳсҳои марзӣ идома хоҳад кард.

Муносибати Тоҷикистон ва Бишкек пас аз муноқишаи хунин дар охири моҳи апрел ба сардӣ гароид.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва 154 маҷрӯҳ хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.

XS
SM
MD
LG