Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ хостори таъмини амнияти роҳҳо шуданд


Ҷамоати Ворух, Исфара
Ҷамоати Ворух, Исфара

Бошандагони деҳоти ҳарду кишвар, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон, аз мақомоти кишварҳои худ таъмини ҳаракат дар роҳҳои наздимарзӣ шудаанд.

Онҳо махсусан аз эҳтимоли даргириҳо дар роҳҳое нигаронанд, ки аз қаламрави ду кишвар ва ҳамчунин минтақаҳои баҳснок мегузаранд. Намояндагони ҳокимияти давлатии ду кишвар аз нимирӯзии 17-уми май то дери шаб ин масъаларо бо ҳам ва ҳамчунин бо аҳолӣ баррасӣ карданд, вале аз ҳеч гуна натиҷаи муҳиме хабар дода нашудааст.

Интизорӣ дар наздикии Оқсой

Сокинони Ворух мегӯянд, роҳи онҳо ба Исфара боз аст, вале амнияти ҳаракат дар он таъмин нест. Бо айни чунин иддао гуруҳе аз занони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбоев, ки ҳоло дар минтақа аст, муроҷиат кардаанд.

Саидҷон Ҷӯраев, ронандаи мусофирбари "Газел", шоми 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даҳҳо нафар дар маҳаллаи Сангтӯдаи Ворух ва дар рӯ ба рӯи деҳаи Оқсойи Қирғизистон мунтазир нишастаанд. Онҳо мунтазири онанд, ки бо замонат дода шудани амнияти роҳ ба самти Исфара ҳаракат кунанд.

"Дар мошини ман 9 нафар нишастааст. Дар миёнашон занону хурдсолон ҳам ҳастанд. Аз он тараф, онҳое, ки аз Исфара ба тарафи Воруху Чоркӯҳ меоянд, низ мунтазиранд", -- нақл кард ӯ.

Ҷӯраев афзуд, ба раиси ҷамоати Ворух тамос гирифтанд, вале ӯ гуфтааст, мунтазири натиҷаи музокироти намояндаҳои ҳарду ҷониб бимонанд.

Баҳодур Баҳоваддинзода, раиси шаҳри Исфара, низ бо баҳонаи он ки музокирот ҷараён дорад, дар ин бора суҳбат накард, аммо нагуфт, ки музокирот бар сари чист ва дар он аз ду тараф кадом мақомот ширкат доранд.

Нигаронии сокинон аз чист?

Нигаронии сокинон дар ҳоле аст, ки рӯзи 17-уми май мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз боздошти сокинони якдигар дар қаламравҳояшон хабар доданд. Ин боздошт нахуст аз ҷониби қирғизҳо сар зада, дар посух тоҷикон низ шаҳрвандаони Қирғизистонро боздошт кардаанд. Дертар ҳарду тараф боздоштшудаҳоро ба ҳамдигар супурданд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара, гуфт, сокинони Қирғизистон се шаҳрванди Тоҷикистонро дар деҳаи Оқсой аз "Газел" фароварда, "гаравгон гирифтанд”. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон замоне боздошт шуданд, ки дар ҳудуди Оқсой аз таксӣ берун омаданд. Ба иттилои ин ниҳод, роҳ аз Ворух ба Исфара транзитӣ аст ва мошинҳову мусофирон набояд дар он ҷо биистанд: “Савор шудану фаровардани одамон ва ё бор кардани мол дар роҳи транзитӣ манъ аст.”

Ҳалима Собитова, корманди “Тоҷикобдеҳот”-и Исфара, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳ аз тарафи Қирғизистон расман баста нест, вале сокинон аз бими он ки мавриди ҳамла қарор нагиранд, аз ин рҳ намегузаранд.

Ҳоло чашмҳо ба сӯйи мақомоти ду ҷониб дӯхта шудааст, ки амнияти роҳҳоро дар минтақаҳои баҳсӣ таъмин ва убури бемамониати сокинони ду тарафро кафолат диҳанд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG