Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат аз сокинони Тоҷикистон хост, ба Қирғизистон нараванд


Фурудгоҳи "Манас"
Фурудгоҳи "Манас"

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки аз сафар ба Қирғизистон ва ё гузаштан ба кишварҳои дигар тавассути Қирғизистон (транзит) худдорӣ кунанд.

Дар иттилоияе, ки шоми 26-уми май нашр шуд, масъулон гуфтаанд, “аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор машғуланд, хоҳиш карда мешавад, аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.”

Вазорат аз мардум дархост кардааст, “дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон” ба сафорат дар Бишкек муроҷиат кунанд.

Ин тасмим пас аз он эълон шуд, ки як ҳавопаймои “Сомон Эйр” шаби 25-уми май бо тақрибан дусад мусофир ба Бишкек рафт, вале шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи ворид шудан ба фурудгоҳро наёфта, дубора ба Душанбе пас гаштанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, аз 21-уми май нисбат ба равуои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ карда шудааст. Ҷониби Тоҷикистон эълон кард, ки дар ин бора огоҳии расмӣ нагирифта буд.

Муносибати Душанбеву Бишкек пас аз муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марз сард шудааст. Бишкек расман эълон кардааст, ки то ҳалли баҳси муайяну нишонагузории сарҳад, марзи худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон намекушояд.

Мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки оё марзро мебанданд ё не.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва 154 маҷрӯҳ хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.
XS
SM
MD
LG