Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарсонии мусофирони тоҷик дар фурудгоҳ. Душанбеву Бишкек ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд. ВИДЕО


Мусофирони интизор дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асоси маҳдудияти ҷоришуда ба Фурудгоҳи Бишкек роҳ надоданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бора огоҳии расмӣ нагирифта буд.

Як ҳавопаймои "Сомон Эйр" шоми 25-уми май наздик ба дусад нафарро ба Бишкек бурд, вале пас аз чаҳор соати интизорӣ бо мусофиронаш дубора ба Душанбе баргашт. Ҳоло мусофирон дар Фурудгоҳи Душанбе нишастааст ва мепурсанд, ки сарнавишти билету пули онҳо чӣ хоҳад шуд.

Қирғизистон: Маҳдудият ба ҳама дахл дорад

Дафтари матбуоти Фурудгоҳи "Манас" бо нашри хабарномае рӯзи 26-уми май гуфт, "дар робита ба муваққатан маҳдуд шудани вуруд, истиқомат ва убур (транзит)-и шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон, Хадамоти марзбонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд надод."

Дар қарори нашркардаи ҳукумати Қирғизистон дар бораи манъи вуруд тавассути гузаргоҳҳои марзӣ таъкид шуда, дар бораи парвозҳо мушаххасан чизе наомада буд. Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳдудияти ҷоришуда ба ҳамаи мусофироне дахл дорад, ки ҳам аз роҳи заминӣ ва ҳам аз роҳи ҳавоӣ вориди кишвар мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Қирғизистон бидуни огоҳии расмӣ ва қаблӣ, шаби 25-уми май ҳавопаймои "Сомон Эйр"-и Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Бишкек қабул накард.

Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҷониби Қирғизистон маълумоте дарёфт накарда буданд, ки ин парвозро қабул намекунанд. "Вобаста ба ин масъала ҷониби Қирғизистон ба мо ҳеҷ маълумоти расмӣ ироа накардааст", - афзуд манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Мусофирони хатсайри Душанбе-Бишкек. 26-уми майи соли 2021. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Мусофирони хатсайри Душанбе-Бишкек. 26-уми майи соли 2021. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки қарори ҳукумат дар бораи маҳдудияти равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз 21-уми май ба иҷро даромадааст. Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон тасдиқ карданд, ки ба парвози ҳавопаймои Тоҷикистон ҳанӯз 14-уми май иҷозат дода буданд, аммо хабардор кардан аз қарори ҳукумат кори онҳо нест.

Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон дар ин робита изҳори назар накарданд.

"Гуфтанд ки пулатонро медиҳем ё Шуморо мебарем"

Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" бо 186 мусофир соати 9-и шаби 25-уми май аз Душанбе ба Бишкек парвоз кард. Таблои онлайнии Фурудгоҳи "Манас" нишон медиҳад, ки ҳавопаймо соати 23:11 ба Бишкек расида, соати 3:10-и субҳи 26-уми май дубора ба Душанбе баргаштааст.

Мусофирон мегӯянд, қариб панҷ соат дар дохили ҳавопаймо мунтазир буданд, вале ба онҳо иҷозаи берун шудан надоданд. Қурбоналӣ Алимов, яке аз мусофирон, гуфт, баъд аз расидан ба Бишкек танҳо ба 8-9 нафар, ки шиносномаи Русия доштанд, иҷозат шудааст, аз ҳавопаймо берун шаванд: "Гуфтанд, шаҳрвандони Тоҷикистон истед. Мо 5 соат дар дохили ҳавопаймо будем. Консул омад ва талош кард, ки моро қабул кунанд, аммо нагузоштанд."

Маълум нест, тақдири мусофирон ва билети онҳо чӣ мешавад. Давлатманд Назаров, яке аз мусофирон, ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ширкат ба онҳо ваъда додаанд, ки пули билетро бармегардонанд ё дубора парвозашонро ташкил мекунанд, вале маълум нест кай.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Мусофирон баъди интизории чорсоата аз Бишкек ба Душанбе баргаштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Мусофирони дармонда асосан муҳоҷирони корӣ будаанд, ки ба гуфтаи худашон бояд тавассути Бишкек ба шаҳрҳои Русия парвоз мекарданд. Теъдоди онҳо қариб 180 нафар аст ва онҳо ҳоло дар Фурудгоҳи Душанбе мунтазир ҳастанд.

Масъулини ширкати "Сомон Эйр", ки парвози баҳсӣ бо ҳавопаймои онҳо анҷом шуд, масъаларо расман шарҳ надоданд. Як масъули ширкат рӯзи 26-уми май дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, парвози рӯзи 25-уми май "чартерӣ буд" ва бо дархости ширкати дигар анҷом шуд, аммо номи ширкатро нагуфт.

Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ки парвоз аз сӯйи ширкати сайёҳии "Эсал Трэвел Групп" ташкил шудааст. Ин ширкати сайёҳии қирғизӣ аст. Дар намояндагии ширкат дар Душанбеву Бишкек вазъро шарҳ додан нахостанд. Намояндаи Додситонии кулли Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, амалкарди ин ширкатро дар робита бо ноком кардани муштариёнаш тафтиш хоҳад кард.

Видео: Роҳи Қирғизистон баста шуд. Акнун мусофирон кадом масирро интихоб мекунанд?

Роҳи Қирғизистон баста шуд. Акнун мусофирон кадом масирро интихоб мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон оё фишанге дорад?

Муносибати Бишкек ва Душанбе баъд аз муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марз сард шудааст. Бишкек расман эълон кардааст, ки то ҳалли баҳси аломатгузории сарҳад, марзи худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон намекушояд. Душанбе дар робита ба тасмимҳои Қирғизистон то ҳол расман вокуниш накардааст ва маълум нест, ки мақомоти тоҷик ҳам оё марзро мебанданд ё не.

Набӣ Юсупов, рӯзноманигори тоҷик ва муассиси сомонаи таҳлилии “Нукта” мегӯяд, Тоҷикистон сиёсати “мудоро” бо ҳамсоягонро пеш гирифта, намехоҳад, мушкилро бо Бишкек аз ин зиёд кунад. Ба таъкиди Юсупов, Қиғизистон бо бастани марз ва роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистон мехоҳад, ба Душанбе фишор орад.

Фурудгоҳҳои Қирғизистон яке аз роҳҳои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон бахусус муҳоҷирон аз Русия аст. Қаблан муҳоҷирони тоҷик ба хотири гарон будани нархи билет ба Тоҷикистон, тавассути Қирғизистон ва бахусус фурудгоҳи Уш аз Русия ба ватан бармегаштанд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва 154 маҷрӯҳ хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG