Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Washington Post: Як додситон дар андешаи тафтиши тиҷоратҳои Трамп аст


Доналд Трамп, собиқ президенти ИМА
Доналд Трамп, собиқ президенти ИМА

Нашрияи Washington Post менависад, ки як додситони шаҳри Ню-Йорк дар андешаи ин аст, ки президенти собиқ Доналд Трамп, шарикони ӯ ваё ширкаташро ба ҷавобгарӣ кашад. Дар матлабе, ки 25-уми май нашр шуд, нашрияи бонуфузи амрикоӣ навиштааст, додситони ноҳияи Манҳеттен Сирус Венс машғули таҳқиқи тиҷоратҳои беш аз дусолаи Трамп мебошад ва бояд ҳайати ҳакамонро мутақоид кунад, ки барои шурӯи таҳқиқот дар даст далелҳои кофӣ дорад. Нашрия, ки аз ду манбаъ дар бораи ҷузъиёти таҳқиқоти Венс огоҳ шудааст, мегӯяд, домани тафтишот “бисёр густурда” мебошад. Дар маркази тафтишоти Венс тиҷоратҳои Трамп дар давраи пеш аз президент шудани ӯ, яъне ширкаташ бо номи “Созмони Трамп” қарор дорад. Мавзӯи таҳқиқ – эҳтимоли фирор аз супурдани андоз, тақаллубкорӣ бо бима ва сохтакории гузоришҳои тиҷоратӣ мебошад. Washington Post навиштааст, чанд моҳ лозим мешавад, то ҳайати ҳакамони додгоҳӣ бо далелҳо ошно бишавад. То ҳол Трампу созмонаш ва ҳам худи додситони ноҳияи Манҳеттен дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Дар гузашта Трамп дар робита бо тафтиши тиҷоратҳояш ҳамлаҳо кардааст.

XS
SM
MD
LG